>

Маркази тарҷумаи Равод — 403

29:53 Ва [мушрикон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд ва агар мавъиди муқарраре [дар кор] набуд, яқинан, азоби [илоҳӣ] ба [суроғи] онон меомад ва [саранҷом] дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон ба суроғашон хоҳад омад

29:54 Ва [мушрикон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд, ва яқинан, дузах бар кофирон иҳота дорад

29:55 Рӯзе, ки азоб аз болои сару зери пояшон ононро фаро мегирад ва [Аллоҳ таоло ба онон] мефармояд: «[Кайфари] Он чиро анҷом медодед, бичашед

29:56 Эй бандагони ман, ки имон овардаед, бе гумон, замини Ман густарда аст [пас, барои раҳоӣ аз фишори мушрикон ҳиҷрат кунед] ва танҳо Маро парастед»

29:57 Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст; он гоҳ ба сӯи Мо бозгардонда мешавед

29:58 Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҳатман, ононро дар ғурфаҳое аз биҳишт ҷой медиҳем, ки ҷӯйборҳо аз зери он ҷорӣ аст. Ҷовидона дар он хоҳанд монд. Чи накуст подоши амалкунандагон!

29:59 [Ҳамон] Касоне, ки шикебоӣ варзиданд ва танҳо бар Парвардигорашон таваккал мекунанд

29:60 Ва чи бисёр ҷондороне, ки [наметавонанд] рӯзии худро ҳамл [ё захира] кунанд. Аллоҳ таоло ба онҳо ва шумо рӯзӣ медиҳад ва Ӯ шунавову доност

29:61 Ва агар аз онон [мушрикон] бипурсӣ: «Чи касе осмонҳо ва заминро офарида ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст?». Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло. Пас, чи гуна [аз ҳақ] рӯйгардон мешаванд?

29:62 Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

29:63 Ва агар аз онон бипурсӣ: «Чи касе аз осмон борон фиристод ва ба василаи он заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – зинда кард»? Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Бигӯ: «Ҳамду ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст», балки бештарашон [дар ин нишонаҳо] намеандешанд