>

Маркази тарҷумаи Равод — 402

29:46 [Эй муъминон] Бо аҳли китоб ҷуз ба беҳтарин шева баҳсу мунозира накунед, магар касоне аз онон, ки ситам карданд [ва бо шумо ба ҷанг бархостанд] ва бигӯед: «Мо ба тамоми он чи [аз сӯйи Аллоҳ таоло] бар мо ва шумо нозил шудааст, имон овардаем ва маъбуди мо ва шумо якест ва мо таслими [фармони] Ӯ ҳастем»

29:47 Ва бад-ин гуна [ки ба паёмбарони пешин китоби осмонӣ фурӯ фиристодем] ин китобро [низ] бар ту нозил кардем, пас, касоне, ки [пеш аз ту] ба онон китоб [-и осмонӣ] додем, ба ин [Қуръон низ] имон меоваранд ва аз инон [мушрикон] касоне ҳастанд, ки ба он имон меоваранд ва ҷуз кофирон [касе] оёти Моро инкор намекунад

29:48 Ва пеш аз [нузули] Қуръон ту [ҳаргиз] ҳеҷ китобе намехондӣ ва бо дасти худ чизе наменавиштӣ, вагарна, ҳатман, ботиландешон [дар бораи ҳақиқати паёмбариат] тардид мекарданд

29:49 Балки он [китоб муштамил бар] оёти равшанест, ки дар синаи донишварон [-и муъмин] ҷой дорад ва ҷуз ситамгорон [-и мушрик касе] оёти Моро инкор намекунад

29:50 Ва [мушрикон] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте аз сӯи Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? Бигӯ: «Муъҷизот назди Аллоҳ таоло аст [ва ба фармони Ӯ нозил мешавад] ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам»

29:51 Оё барояшон кофӣ нест, ки Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, ки [пайваста] бар онон хонда мешавад? Бе гумон, дар ин [Қуръон] барои мардуме, ки имон меоваранд, раҳмату панд аст

29:52 Бигӯ: «Ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло миёни ману шумо гувоҳ аст. Ӯ он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва касоне, ки ба ботил гаравидаанд ва ба Аллоҳ таоло куфр варзидаанд, ононанд, ки зиёнкоранд»