Маркази тарҷумаи Равод — 401
29:39 Ва Қорун ва Фиръавн ва Ҳомонро [низ нобуд кардем] ва ба ростӣ, Мӯсо бо далоили равшан наздашон омад, пас, онон дар сарзамин [-и Миср] саркашӣ карданд, вале [аз азоби илоҳӣ] пешӣ нагирифтанд [ва роҳи фирор надоштанд]
29:40 Пас, ҳар яке аз эшонро ба [кайфари] гуноҳашон азоб кардем. Пас, ба бархе аз онон борони санг фиристодем ва бархе дигарро бонги маргбор фурӯ гирифт ва бархеро дар замин фурӯ бурдем ва бархеро ғарқ кардем. Аллоҳ таоло ҳаргиз ба онон ситам накард, балки онон [худ] ба хештан ситам мекарданд
29:41 Масали касоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло дӯстоне [аз сангу чӯб ва мурдагонро ба унвони шафоатгар] барои худ баргузидаанд, ҳамчун масали анкабут аст, ки хонаи [бедавомро паноҳгоҳи хеш] баргузидааст ва бе тардид, сусттарин хонаҳо хонаи анкабут аст. Агар [мушрикон ин ҳақиқатро] медонистанд, [бутҳоро ба парастиш намегирифтанд]
29:42 Яқинан, Аллоҳ таоло ҳар он чиро ба ҷойи Ӯ [ба парастиш] мехонанд медонад ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
29:43 Ин масалҳоро барои мардум мезанем ва ҷуз доноён касе онҳоро дарнамеёбад
29:44 Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид. Бе тардид, дар ин [офариниш] барои муъминон нишонае [аз қудрати илоҳӣ] аст
29:45 [Эй Паёмбар] Он чиро аз ин китоб бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун ва намоз барпо дор. Ба ростӣ, ки намоз инсонро аз гуноҳ ва зишткорӣ бозмедорад ва, албатта, ёди Аллоҳ таоло [аз ҳар коре] болотар аст ва Аллоҳ таоло медонад, ки чи мекунед