>

Маркази тарҷумаи Равод — 400

29:31 Ва ҳангоме ки фиристодагони мо ба Иброҳим башорати [таваллуди писарашро] доданд, ба ӯ гуфтанд: «Мо сокинони шаҳри [Садум]-ро нобуд хоҳем кард, [чаро ки] бе тардид, мардуми он ҷо ситамгоранд»

29:32 [Иброҳим] Гуфт: «Лут низ дар он ҷост». Фариштагон гуфтанд: «Мо беҳтар медонем чи касоне дар он ҷо ҳастанд. Ӯ ва хонаводаашро, ҳатман, наҷот хоҳем дод, магар ҳамсараш, ки аз бозмондагон [дар азоб] хоҳад буд»

29:33 Ва чун фариштагони мо назди Лут омаданд, аз [тасаввури бешармии қавмаш нисбат ба] онон нигарон ва дилтанг шуд ва [фариштагон] гуфтанд: Натарс ва андуҳгин набош. Мо ту ва хонаводаатро, ҳатман, наҷот медиҳем, магар ҳамсаратро, ки аз бозмондагон [дар азоб] аст

29:34 Мо бар сокинони ин шаҳр – ба кайфари он ки нофармонӣ [ва гуноҳ] кардаанд – азобе аз осмон фуруд меоварем»

29:35 Ва дар ҳақиқат, мо аз он шаҳр [-и вайроншуда] барои касоне, ки меандешанд, нишона [ва ибрати] ошкоре боқӣ гузоштем

29:36 Ва ба сӯйи [сокинони] Мадян бародарашон Шуайб [-ро фирситодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед ва ба рӯзи бозпасин умедвор бошед ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед»

29:37 Вале ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва зилзила ононро фаро гирифт. Пас, дар хонаҳои худ ба рӯй афтоданд ва ҳалок шуданд

29:38 Ва [қавми] Од ва Самудро [низ ҳалок кардем] ва яқинан бархе аз хонаҳои [вайроншудаи] онон бароятон намоён аст. Ва шайтон корҳояшонро дар назарашон биёрост ва ононро аз роҳи [ҳақ] боздошт, дар ҳоле ки [нисбат ба ҳаққу ботил] бино буданд