>

Маркази тарҷумаи Равод — 40

2:246 [Эй паёмбар] Оё [аз достони] гурӯҳе аз [ашрофу бузургони] Бани Исроил хабар дорӣ, ки баъд аз Мӯсо ба паёмбари худ гуфтанд: "Фармонравое бароямон интихоб кун, то [ба дастураш] дар роҳи Аллоҳ таоло биҷангем"? [Паёмбарашон] Гуфт: "Шояд агар ҷиҳод бар шумо муқаррар шавад, [сарпечӣ кунед ва] ҷиҳод накунед". Гуфтанд: "Чаро дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод накунем, дар ҳоле ки аз хонаҳоямон ронда шудаем ва писаронамон [-ро куштаанд ё ба асорат бурдаанд]"? Пас, ҳангоме ки ҷанг бар эшон муқаррар шуд – ҷуз иддаи каме аз онон – [ҳамагӣ] сарпечӣ карданд; ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли паймоншиканон ва] ситамгорон доност

2:247 Паёмбарашон ба онон гуфт: "Аллоҳ таоло Толутро ба фармонравоии шумо баргузидааст". [Онон] гуфтанд: "Чи гуна ӯ бар мо фармонравоӣ мекунад, дар ҳоле ки мо ба фармонравоӣ аз ӯ сазовортарем ва аз мол [-и дунё низ] баҳраи чандоне [ба вай] дода нашудааст"? Ӯ гуфт: "Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ӯро бар шумо баргузида ва донишу неруи ҷисмиашро вусъат бахшидааст; ва Аллоҳ таоло фармонравоии худро ба ҳар ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ таоло кушоишгару доност"

2:248 Паёмбарашон ба онҳо гуфт: Нишонаи [ростӣ ва дурустии] фармонравоии ӯ, ин аст, ки тобути аҳд бароятон мерасад, ки мояи оромише аз сӯйи Парвардигоратон мебошад ва дарунаш бозмондаи мероси хонадони Мӯсо ва Ҳорун [ҳамчун асо ва бархе алвоҳи Таврот] қарор дорад ва дар ҳоле мерасад, ки фариштагон онро бардоштаанд. Агар муъмин бошед, мусалламан дар ин [амр] нишонае [дар мавриди ҳаққонияти Толут] бароятон вуҷуд дорад