Маркази тарҷумаи Равод — 399
29:24 Он гоҳ ҷавоби қавми ӯ [Иброҳим] ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ӯро бикушед, бисӯзонед». Пас, Аллоҳ таоло аз оташ наҷоташ дод. Бе тардид, дар ин [раҳоӣ аз оташ] барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, нишонаҳое [барои ибрат гирифтан] аст
29:25 Ва [Иброҳим] гуфт: «Шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло бутҳое барои худ баргузидаед, ки [мояи дӯстӣ ва] муҳаббат миёни шумо дар зиндагии дунё бошад. Он гоҳ рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва ҳамдигарро лаънат мекунед ва ҷойгоҳатон оташ аст ва ҳеҷ ёригаре нахоҳед дошт»
29:26 Пас, Лут ба ӯ имон овард ва [Иброҳим] гуфт: «Ман ба сӯйи Парвардигорам [ба сарзамини Шом] ҳиҷрат мекунам. Бе тардид, Ӯ шикастнопазири ҳаким аст»
29:27 Ва Исҳоқу Яъқубро ба ӯ бахшидем ва миёни фарзандонаш нубувват ва китоб [-и осмонӣ] қарор додем ва подошашро дар ин дунё додем ва яқинан, ӯ дар охират [низ] аз шоистагон хоҳад буд
29:28 Ва [ёд кун аз] Лут ҳангоме ки ба қавмаш гуфт: «Воқеан, кори бисёр зиште мекунед, ки пеш аз шумо ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон анҷом надодааст
29:29 Оё бо мардон меомезед ва [ба қасди таҷовуз ба мусофирон] роҳро мебандед ва дар маҷолиси худ муртакиби корҳои нописанд мешавед»? Пас, посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Агар ростгӯӣ, азоби илоҳиро пеш овар»
29:30 [Лут] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари муфсидон ёрӣ кун»