>

Маркази тарҷумаи Равод — 398

29:15 Пас ӯ [Нуҳ] ва сарнишинони киштиро наҷот додем ва он [киштӣ]-ро нишонае барои [ибрат гирифтани] ҷаҳониён қарор додем

29:16 Ва [ёд кун аз] Иброҳим он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво кунед, [ки] агар бидонед, ин кор бароятон беҳтар аст

29:17 Ҷуз ин нест, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло шумо фақат бутҳое [аз сангу чӯб]-ро мепарастед ва [бо ин кор ба Аллоҳ таоло] дурӯғ мебандед. Дар ҳақиқат, касонеро, ки шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ихтиёри рӯзиатонро надоранд, пас, [неъмату] рӯзиро танҳо аз пешгоҳи Аллоҳ таоло талаб кунед ва Ӯро бипарастед ва шукри Ӯро ба ҷо оваред [ки] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед

29:18 Ва [эй мушрикон] агар шумо [Муҳаммадро] дурӯғгӯ бидонед, [аҷиб нест] бе тардид, бархе аз умматҳои пеш аз шумо низ [паёмбарони илоҳиро] дурӯғгӯ ангоштанд. Ва паёмбар вазифае ҷуз расонидани ошкори [ваҳй] надорад»

29:19 Оё надиданд, ки Аллоҳ таоло чи гуна офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад? Ҳатман, ин кор барои Аллоҳ таоло осон аст

29:20 [Эй Паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки Аллоҳ таоло чи гуна офаринишро оғоз кард, пас, [ба ҳамин сурат низ] зиндагии дигарро падид меоварад. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност

29:21 Ӯ ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва бар ҳар ки бихоҳад, раҳмат меоварад ва [ҳамагӣ] ба сӯяш бозгардонда мешавед

29:22 Шумо - [на] дар замин ва на дар осмон – ҳаргиз нотавонкунандаи Ӯ нестед ва ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсозу ёваре надоред»

29:23 Ва касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло ва дидори Ӯ куфр варзиданд, ононанд, ки аз раҳмати Ман маъюсанд ва азоби дардноке барояшон [дар пеш] аст