Маркази тарҷумаи Равод — 397
29:7 Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, яқинан гуноҳонашонро мезудоем ва ононро ба беҳтар аз он чи кардаанд, подош медиҳем
29:8 Ва ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ намояд ва [гуфтем]: «Агар он ду кӯшиданд, то чизеро, ки ту ба он донише надорӣ шарики Ман созӣ, пас, аз онҳо итоат макун. Бозгаштатон ба сӯи Ман аст, он гоҳ шуморо аз [ҳақиқати] он чи мекардед, огоҳ хоҳам кард
29:9 Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, албатта, ононро дар [зумраи] шоистагон дармеоварем
29:10 Ва бархе аз мардум ҳастанд, ки мегӯянд «ба Аллоҳ таоло имон овардем». Аммо ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ таоло озор мебинанд, озори кофиронро ҳамчун азоби Аллоҳ таоло [сахту ҷонкоҳ] медонанд [ва аз имонашон даст мекашанд] ва агар аз сӯйи Парвардигорат пирӯзӣ [ва кушоише бароятон] пеш ояд, мегӯянд: «Бе тардид, мо [низ] бо шумо ҳамроҳ будем». Оё Аллоҳ таоло ба он чи дар дилҳои ҷаҳониён аст, донотар нест?
29:11 Ва ба ростӣ, Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, ба хубӣ мешиносад ва яқинан, мунофиқонро [низ] мешиносад
29:12 Ва касоне, ки куфр варзиданд, ба касоне, ки имон оварданд, мегуфтанд: «Аз роҳи мо пайравӣ кунед, ва ҳатман, бори гуноҳонатонро ба уҳда мегирем», вале онон ҳаргиз чизе аз гуноҳони эшонро бар уҳда нахоҳанд гирифт. Ба ростӣ, ки онон дурӯғгӯ ҳастанд
29:13 Ва, ҳатман, бори сангини [гуноҳи] худ ва борҳои сангин [-и гуноҳи пайравон]-ашонро ҳамроҳи бори сангини худ ба дӯш хоҳанд кашид ва яқинан, рӯзи қиёмат дар мавриди дурӯғҳое, ки мебофтанд, бозхост хоҳанд шуд
29:14 Ва Мо Нуҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва ӯ нуҳсаду панҷоҳ сол дар миёни онон буд. Он гоҳ, дар ҳоле ки ситамгор [-у кофир] буданд, тӯфон [-и сангин] ононро фаро гирифт