>

Маркази тарҷумаи Равод — 396

28:85 Ҳамон [Парвардигоре], ки Қуръонро [нозил намуд ва таблиғашро] бар ту воҷиб кард, ҳатман, туро ба ҷойгоҳат [дар Макка] бозмегардонад. Бигӯ: «Парвардигорам беҳтар медонад, чи касе ҳидоят овардааст ва чи касе дар гумроҳии ошкор аст»

28:86 Ва [пеш аз биъсат] ту орзу надоштӣ, ки ин китоб [-и осмонӣ] бар ту нозил шавад. [Ин набуд] Магар раҳмате аз ҷониби Парвардигорат. Пас, ҳаргиз пуштибони кофирон набош

28:87 Ва мабодо [кофирон] туро аз [таблиғи] оёти илоҳӣ – пас аз он ки бар ту нозил шуд – боздоранд! Ва [мардумро] ба сӯйи Парвардигорат даъват кун ва ҳаргиз аз мушрикон набош

28:88 Ва маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло [ба ниёиш] нахон. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ҳама чиз фанопазир аст, магар [зоти ҷовид ва] рӯйи Ӯ. Фармонравоӣ [танҳо] аз они Ӯст ва [рӯзи қиёмат ҳамагӣ] ба пешгоҳаш бозгардонда мешавед

29:1 Алиф, лом, мим.[1]

29:2 Оё мардум пиндоштаанд, ҳамин ки [ба забон] бигӯянд: «Имон овардем», ононро [ба ҳоли худ] вомегузоранд ва озмуда намешаванд?

29:3 Ва ба ростӣ касонеро, ки пеш аз онон буданд, низ озмудем ва то Аллоҳ таоло касонеро, ки [дар бораи имонашон] рост гуфтаанд, бозшиносад ва дурӯғгӯёнро [низ] маълум гардонад

29:4 Оё касоне, ки корҳои ношоиста кардаанд, пиндоштаанд, ки метавонанд аз Мо пешӣ бигиранд [ва аз азобамон бигурезанд]? Чи бад доварӣ мекунанд!

29:5 Ҳар ки ба дидори Аллоҳ таоло умед дорад, [бидонад, ки] ваъдаи Аллоҳ таоло, ҳатман, хоҳад омад ва ӯ шунавову доност

29:6 Ва ҳар ки [дар роҳи ҳақ] бикӯшад, ба суди хеш кӯшидааст. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз ҷаҳониён бениёз аст