>

Маркази тарҷумаи Равод — 395

28:78 [Қорун] гуфт: «Он чи ба ман дода шуда, дар натиҷаи [қудрату] донишест, ки назди ман аст». Оё намедонист, ки Аллоҳ таоло наслҳоеро пеш аз вай нобуд карда буд, ки аз ӯ нерумандтар ва сарватмандтар буданд? Ва [рӯзи қиёмат] аз муҷримон дар бораи гуноҳонашон суол намешавад [зеро Аллоҳ таоло ҳамаро медонад]

28:79 Он гоҳ Қорун бо [таҷаммулоту] зинатҳояш дар баробари қавмаш зоҳир шуд. Афроде [аз атрофиёни ӯ], ки хостори зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош, ҳаммонанди он чи ба Қорун дода шудааст, мо низ доштем. Воқеан, ӯ баҳраи бузурге [аз моли дунё] дорад»

28:80 Аммо касоне, ки дониш [-и ҳақиқӣ] ёфта буданд, гуфтанд: «Вой бар шумо! Барои касе, ки имон овардааст ва корҳои шоиста мекунад, савоби илоҳӣ беҳтар аст ва ин [сухан]-ро касоне ба ҷуз шикебоён намепазиранд»

28:81 Он гоҳ Қорунро ҳамроҳи [хонааш дар замин фуру бурдем, пас, ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ёриаш кунанд ва [худ низ] натавонист ба хештан ёрӣ расонад

28:82 Ва касоне, ки дирӯз орзу мекарданд, ба ҷойи ӯ бошанд, бомдод [-и рӯзи баъд] мегуфтанд: «Вой бар мо! Гӯӣ Аллоҳ таоло аст, ки [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад. Агар Аллоҳ таоло бар мо миннат наниҳода буд, ҳатман, моро [низ ба сазои суханонамон ба жарфои замин] фурӯ мебурд. Эй вой! Гӯӣ кофирон ҳаргиз растагор намешаванд

28:83 Ин сарои охиратро [фақат] барои касоне қарор медиҳем, ки хоҳони гарданкашӣ ва фасод дар замин нестанд ва саранҷоми нек аз они парҳезкорон аст

28:84 [Рӯзи қиёмат] Ҳар ки некӣ биёварад, [подоше] беҳтар аз он хоҳад дошт ва ҳар ки бадӣ биёварад, [бидонад, ки] касоне, ки корҳои ношоиста кардаанд, ҷуз [ба миқдори] он чи мекарданд, кайфар намебинанд