>

Маркази тарҷумаи Равод — 394

28:71 [Ба мушрикон] бигӯ: «Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ таоло [торикии] шабро то рӯзи қиёмат бар шумо поянда гардонад, кадом маъбуд ба ҷуз Аллоҳ таоло бароятон равшанӣ меоварад? Оё [сухани ҳақро] намешунавед?

28:72 Бигӯ “Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ таоло [рӯшноии] рӯзро то рӯзи қиёмат бар шумо поянда гардонад, кадом маъбуд ба ҷуз Аллоҳ таоло бароятон шабе меоварад, ки дар он ором бигиред? Оё [ин нишонаҳои қудрати илоҳиро] намебинед?

28:73 Ва Аллоҳ таоло аз раҳмати хеш шабу рӯзро бароятон қарор дод, то дар шаб ором гиред ва дар рӯз [талош кунед ва] аз бахшиши Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед ва бошад, ки сипос гузоред

28:74 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ба онон нидо медиҳад ва мегӯяд: «Афроде, ки шарикони ман [дар парастиш] мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»

28:75 Ва аз ҳар уммате гувоҳе бармегузинем [ки паёмбари онон аст ва дар мавриди куфрашон шаҳодат медиҳад]. Сипас ба онон мегӯем: «Далели [куфру ширки] хешро биёваред», пас, медонанд, ки ҳақ аз они Аллоҳ таоло аст ва дурӯғҳое, ки мебофтанд [ва он чи мушрикона мепарастиданд], маҳву нобуд гаштааст

28:76 Қорун аз қавми Мӯсо буд, аммо бар онон фахрфурӯшӣ намуд ва аз ганҷина он қадар ба вай дода будем, ки [ҳатто] ҳамли калидҳояш барои гурӯҳе неруманд мушкил буд. Ҳангоме ки [мардуми] қавмаш ба ӯ гуфтанд: «[Ба хотири сарватат чунин мағруру] сармаст набош. Бе тардид, Аллоҳ таоло сармастонро дӯст намедорад

28:77 Ва бо он чи Аллоҳ таоло ба ту бахшидааст, [савоби] сарои охиратро биҷӯй ва [дар айни ҳол] баҳраатро аз [зиндагии] дунё низ фаромӯш накун ва чунон ки Аллоҳ таоло ба ту некӣ кардааст, ту низ [ба бандагонаш] некӣ кун ва ҳаргиз дар пайи табаҳкорӣ [ва фасод] дар замин набош. Бе тардид, Аллоҳ таоло муфсидонро дӯст намедорад»