Маркази тарҷумаи Равод — 393
28:60 Ва он чи ба шумо дода шудааст, баҳра [-и гузаро] ва зинати зиндагии дунёст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, беҳтар ва пойдортар аст. Оё намеандешед?
28:61 Оё касе, ки ба ӯ ваъдаи наку додаем ва ба он хоҳад расид, ҳамчун касест, ки ӯро аз баҳраи зиндагии дунё бархӯрдор сохтаем ва рӯзи қиёмат аз [ҷумлаи] эҳзоршудагон [дар оташи дузах] аст?
28:62 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ба онон нидо медиҳад ва мегӯяд: «Афроде, ки шарикони ман [дар парастиш] мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»
28:63 Касоне [аз сарони кофирон], ки азоб барояшон ҳатмӣ аст, мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо касоне ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. [Оре] Ононро гумроҳ кардем, чунон ки [худ низ] гумроҳ шудем. Аз [ширку тавассули] эшон ба сӯят безорӣ меҷӯем. [Дар ҳақиқат] Онон моро намепарастиданд [балки шайтонро парастиш мекарданд]»
28:64 Ва [ба мушрикон] гуфта мешавад: «Шариконатонро [ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастидед] фаро бихонед [то ёриатон кунанд]». Пас, ононро мехонанд, вале посухе ба эшон намедиҳанд ва азоби [дузах]-ро мебинанд [ва орзу мекунанд], кош ҳидоятёфта буданд
28:65 Ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] ононро нидо медиҳад ва мефармояд: «Ба [даъвати] паёмбарон чи посухе додед?»
28:66 Дар он рӯз ҳамаи далоил [ва баҳонаҳое, ки барои тавҷеҳ доранд] аз онон пинҳон мегардад ва аз [шиддати азоб аз ҳоли] якдигар намепурсанд
28:67 Аммо касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, умед аст, ки аз растагорон бошад
28:68 Ва Парвардигорат ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва [ҳар киро бихоҳад ба парастиш ва паёмбарӣ] бармегузинад. Мушрикон ихтиёре надоранд [ки дар ин маврид эътироз кунанд]. Аллоҳ таоло муназзаҳ ва бартар аст аз он чи бо Ӯ шарик медонанд
28:69 Ва Парвардигорат он чи дар синаҳояшон пинҳон мекунанд ва он чи ошкор месозанд, [ҳамаро] медонад
28:70 Ва Ӯ Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ситоиш дар дунёву охират барои Ӯст ва ҳукм [-у фармонравоӣ низ] аз они Ӯст ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгарданда мешавед