>

Маркази тарҷумаи Равод — 392

28:51 Ва ба ростӣ, Мо ин оёт [ва ҳикоёт]-ро яке пас аз дигаре барои онон [мушрикону яҳудиён] нозил кардем, бошад, ки панд гиранд

28:52 Касоне, ки пеш аз ин [оёти илоҳӣ] ба онон китоб [Таврот] додаем, ба ин [Қуръон] низ имон меоваранд

28:53 Ва чун [оёташ] бар онон хонда мешавад, мегӯянд: «Ба он имон овардем. Яқинан, сухани ҳаққе аст аз ҷониби Парвардигорамон. Ба ростӣ, ки Мо пеш аз [нузули] он низ таслим [-и фармони Парвардигор] будаем»

28:54 Инонанд, ки ба поси он ки шикебоӣ карданд, подошашонро ду бор мегиранд ва бо корҳои нек [гуноҳон ва] бадиҳоро дафъ мекунанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ менамоянд

28:55 Ва ҳар гоҳ сухане беҳуда [ва ношоиста аз аҳли китоб] мешунаванд, [бо бетаваҷҷуҳӣ] аз он рӯй мегардонанд ва мегӯянд: «[Подоши] Корҳои мо барои мост ва [кайфари] корҳои шумо аз они шумост, [шумо аз озору носозии мо] дар амонед. Мо ба дунболи [ҳамсуҳбатӣ бо] ҷоҳилон нестем»

28:56 [Эй Паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва ٕӮ ба [ҳоли] роҳёфтагон донотар аст

28:57 Ва [мушрикон] гуфтанд: «Агар ҳамроҳи ту аз ҳидоят пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон мерабоянд». Оё мо ононро дар ҳарами амне ҷой надодем, ки анвои маҳсулот – ба унвони рӯзие аз ҷониби Мо – ба сӯяшон сарозер мегардад? Вале бештарашон [қадри неъматҳои илоҳиро] намедонанд

28:58 Ва чи бисёр [мардуми] шаҳрҳоеро нобуд сохтем, ки дар ҳаққи неъматҳои илоҳӣ носипосӣ карда буданд. Ин хонаҳои [вайроншудаи] онон аст, ки пас аз эшон ҷуз андаке - [касе] дар онҳо сукунат накардааст ва Мо вориси онон будем

28:59 Ва Парвардигорат ҳаргиз [мардуми] шаҳрҳоро нобуд намекунад, магар он ки дар шаҳри бузурге аз онҳо [ҳамчун Макка] паёмбаре бифиристад, ки оёти Моро бар онон бихонад. Ва Мо ҳаргиз шаҳрҳоро нобуд накардем, магар он ки сокинонаш [кофиру] ситамгор будаанд