>

Маркази тарҷумаи Равод — 391

28:44 Ва ту [эй Паёмбар] он гоҳ ки фармони [нубувват]-ро ба Мӯсо медодем, дар доманаи ғарбӣ [-и кӯҳи Тӯр] ҳузур надоштӣ ва аз гувоҳон [низ] набудӣ

28:45 Ва [Мо пас аз Мӯсо] наслҳое офаридем ва солҳои тӯлонӣ бар онон гузашт [ва паймони илоҳиро фаромӯш карданд]. Ва ту дар миёни аҳли Мадян иқомат надоштӣ [ки аз достони Мӯсо бохабар бошӣ ва] оёти Моро бар онон [мардуми Макка] бихонӣ, балки Мо будем, ки [ин оётро ба сӯят] мефиристодем

28:46 Ва он гоҳ ки [ба Мӯсо] нидо додем, ту дар канори кӯҳи Тӯр набудӣ, вале ба унвони раҳмате аз сӯйи Парвадигорат [ба ту ваҳй намудем], то гурӯҳеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае ба суроғашон наомадааст, [бо ин оёт] бим диҳӣ, бошад, ки панд пазиранд

28:47 [Бо кофирон итмоми ҳуҷҷат кардем] То вақте ба кайфари корҳое, ки дар гузашта муртакиб шудаанд, мусибате ба онҳо мерасад, нагӯянд: «Парвардигоро, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оётат пайравӣ кунем ва аз муъминон бошем»?

28:48 Вале ҳангоме ки [Паёмбари] ҳақ аз ҷониби Мо ба суроғашон омад, [яҳудиён аз сари лаҷоҷат] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте ҳаммонанд Мӯсо ба ӯ дода нашудааст»? [Дар посухашон бигӯ] «Магар [яҳудиён] дар гузашта муъҷизоти Мӯсоро инкор накарданд»? Онон гуфтанд: «[Қуръону Таврот] ду ҷоду ҳастанд, ки якдигарро таъйид мекунанд» ва гуфтанд: «Мо тамоми [матолиби] онҳоро инкор мекунем»

28:49 Бигӯ: «Агар ростгӯед, аз ҷониби Аллоҳ таоло китобе ҳидоятбахштар аз ин ду [китоб] биёваред, то ман низ аз он пайравӣ кунам»

28:50 Пас, агар [Қурайш] ба дархостат посухе надоданд, бидон, ки онон фақат аз ҳавои нафсашон пайравӣ мекунанд ва кист гумроҳтар аз он ки бидуни раҳнамуде аз сӯи Аллоҳ таоло аз ҳавои нафсаш пайравӣ мекунад? Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгорро ҳидоят намекунад