>

Маркази тарҷумаи Равод — 390

28:36 Пас, чун Мӯсо бо муъҷизоти равшани Мо ба сӯяшон омад, гуфтанд: «Ин [чизе] нест, магар ҷодуе сохта ва мо ҳаргиз ин [иддаои яктопарастӣ]-ро аз падаронамон нашнидаем»

28:37 Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигорам беҳтар медонад, чи касе ҳидоятро аз назди Ӯ овардааст ва [огоҳтар аст, ки] оқибати неки он саро барои кист. Бе тардид, ситамгорон росткор намешаванд»

28:38 Фиръавн гуфт: «Эй бузургон, маъбуде ба ҷуз худ бароятон намешиносам, пас, эй Ҳомон, бароям оташе бар гил барафрӯз [ва хишт бипаз], он гоҳ бурҷи баланде бисоз, бошад, ки аз маъбуди Мӯсо бохабар шавам. Ҳар чанд ки ҳатман, ӯро дурӯғгӯ мепиндорам»

28:39 Ва ӯ [Фиръавн] ва лашкариёнаш ба ноҳақ дар сарзамин [-и Миср] саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки ба сӯйи Мо бозгардонда намешаванд

28:40 Пас, [мо] ӯ ва лашкариёнашро [ба азоб] фурӯ гирифтем ва ононро ба дарё андохтем. Пас, бингар, ки оқибати ситамгорон чи гуна буд

28:41 Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки [пайравонашонро] ба оташи [дузах] даъват мекарданд ва рӯзи қиёмат ёрӣ намешаванд

28:42 Дар ин дунё ба дунболашон лаънат равон кардем ва рӯзи қиёмат [низ] зиштманзаранд

28:43 Ва ба ростӣ, пас аз он ки умматҳои пешинро нобуд намудем, ба Мӯсо китоб [Таврот] додем, ки [муштамил бар] равшангариҳо ва ҳидоят ва раҳмате барои мардум буд, бошад, ки панд пазиранд