>

Маркази тарҷумаи Равод — 389

28:29 Ҳангоме ки Мӯсо [он] муддат [-и муайян]-ро ба поён расонд ва ҳамроҳи хонаводааш [аз Мадян ба сӯйи Миср] ҳаракат кард, [ногаҳон дар торикии шаб] аз сӯйи [кӯҳи] Тӯр оташе дид, ба хонаводааш гуфт: «Биистед, ки ман оташе [аз дур] дидам. Шояд хабаре аз он бароятон биёварам ё шуълаи оташе [биёварам], то гарм шавед»

28:30 Пас, вақте ба он оташ наздик шуд, дар канораи рости он сарзамини дар минтақаи пурбаракат [-и Тӯр] аз [миёни] як дарахт нидо дода шуд, ки: «Эй Мӯсо, бе тардид, ман Аллоҳ таоло–Парвардигори ҷаҳониёнам

28:31 Ва асоятро биафкан». Пас, чун [Мӯсо чунин карду] онро дид, ки ҳамчун море [босуръат] мехазад, [аз тарс] пушт карду гурехт ва бознагашт. [Нидо омад] «Эй Мӯсо, пеш о ва натарс. Ҳатман, ту аз [осеби хатарҳо] эмин шудаӣ

28:32 Ва дастро дар гиребонат фурӯ бар [то] сапеду бидуни айб [ва бемории песӣ] хориҷ шавад ва [барои раҳоӣ] аз ин тарс дастонатро ба самти худ ҷамъ кун [ва ба синаат бичаспон]. Ин ду [муъҷизаи асо ва яди байзо] ду далели [равшан] аз сӯи Парвардигорат барои Фиръавн ва бузургони [қавми] ӯст. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе нофармонанд»

28:33 [Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, ман яке аз ононро [бидуни амд] куштаам, метарсам, ки [ба қасоси он қатл] маро бикушанд

28:34 Ва бародарам – Ҳорун – забонаш аз ман шевотар аст, пас, ӯро ҳамроҳам бифирист, то ёварам бошад ва ростгӯиямро таъйид кунад, зеро метарсам, маро дурӯғгӯ ангоранд»

28:35 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Туро бо [пайвастани] бародарат тақвият хоҳем намуд ва бароятон тасаллуте қарор медиҳем, ки [фиръавниён ҳаргиз] ба шумо даст наёбанд ва ба [баракати] муъҷизотамон [ки дар ихтиёр доред] шумо ва ҳар ки аз шумо пайравӣ кунад, пирӯзед»