>

Маркази тарҷумаи Равод — 388

28:22 Ва чун ба шаҳри Мадян рӯ овард, гуфт: «Умед аст, Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кунад»

28:23 Ва ҳангоме ки ба [чоҳи] оби Мадян расид, бар сари чоҳ гурӯҳе аз мардумро дид, ки [чаҳорпоёни худро] об медиҳанд ва наздики онон ду занро дид, ки [гӯсфандонашонро] канор мекашиданд [ва аз дигарон фосила мегирифтанд. Мӯсо] гуфт: «Шумо чи мекунед? [Чаро гӯсфандони худро об намедиҳед.] Онон гуфтанд: «Мо [ба рамаи худ] об намедиҳем, то ин чӯпонҳо бозгарданд [ва музоҳимамон набошанд]. Падарамон пирамарде куҳансол аст [ва тавоноии ин корро надорад]»

28:24 Мӯсо барои он ду нафар [гӯсфандонашонро] об дод, он гоҳ сӯйи соя бозгашт ва гуфт: «Парвардигоро, ба ҳар хайре, ки бароям бифиристӣ, сахт ниёзмандам»

28:25 Он гоҳ яке аз он ду [зан], дар ҳоле ки бо шарму ҳаё гом бармедошт, наздаш омаду гуфт: «Падарам даъватат мекунад [ки наздаш биравӣ], то музди он ки [гӯсфандон]-ро бароямон об додӣ, ба ту пардохт кунад». Чун [Мӯсо] назди ӯ рафту саргузашташро барои ӯ ҳикоят кард, вай гуфт: «Натарс, ки аз гурӯҳи ситамгор наҷот ёфтаӣ»

28:26 Яке аз он ду [духтар] гуфт: «Падарҷон, ӯро истихдом кун, [зеро] бе тардид, беҳтарин касе, ки метавонӣ ба кор бигирӣ он аст, ки неруманду амонатдор бошад [ва ӯ чунин аст]»

28:27 [Пирамард ба Мӯсо] Гуфт: «Мехоҳам яке аз ду духтарамро ба ҳамсариат дароварам, ба ин [шарт] ки ҳашт сол бароям кор кунӣ ва агар [ин корро] то даҳ сол идома диҳӣ, лутфу муҳаббате аз сӯйи туст. Ман намехоҳам бар ту сахтгирӣ кунам. Ин шоал-л-лоҳ маро шоиста [ва накукор] хоҳӣ ёфт»

28:28 [Мӯсо] Гуфт: «Ин [қарордод] миёни ману ту бошад, ки ҳар кадом аз ин ду муддат [ҳашт ё даҳ сол]-ро, ки анҷом додам, [ба аҳди худ вафо кардаам], пас, ситаме бар ман набошад [ва нахоҳӣ, ки бештар бимонам] ва Аллоҳ таоло бар он чи мегӯем, гувоҳ аст»