>

Маркази тарҷумаи Равод — 387

28:14 Ва чун Мӯсо ба рушду камоли хеш расид ва баруманд шуд, ба ӯ ҳикмату дониш [-и оини Бани Исроилро] ато кардем ва накукоронро инчунин подош медиҳем

28:15 Ҳангоме ки мардум [машғули истироҳат ва] бехабар буданд, Мӯсо [махфиёна] вориди шаҳр шуд ва ду мардро дид, ки бо якдигар даргир шудаанд. Яке аз онон [аз қавми Бани Исроил ва] аз дӯстони Мӯсо буд ва дигаре [қибтӣ буд ва] аз душманонаш. Пас, он ки аз дӯстони ӯ буд, алайҳи душманаш аз Мӯсо ёрӣ хост, пас, [Мӯсо] мушт [-и маҳкам]-е ба вай заду ӯро аз пой даровард [он гоҳ] гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳаққо, ки ӯ душман [-и инсон ва] гумроҳкунандаи ошкоре аст»

28:16 [Сипас] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба худ ситам кардаам, пас, маро бибахш» ва [Аллоҳ таоло] ӯро бахшид. Бе тардид, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст

28:17 [Он гоҳ] Гуфт: «Парвардигоро, ба шукронаи он ки бар ман неъмат [-и қудрату дониш] арзонӣ доштаӣ, ҳаргиз пуштибони муҷримон нахоҳам буд»

28:18 [Мӯсо] Шабро бо тарсу нигаронӣ дар шаҳр ба субҳ расонд, ки ногоҳ марде, ки дирӯз аз ӯ ёрӣ хоста буд, боз ба фарёд аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Воқеан, ошкор аст, ки ту [моҷароҷӯ ва] гумроҳӣ»

28:19 Пас, ҳангоме ки [Мӯсо] хост, ба касе, ки душмани ҳар дуи онон буд, ҳамла кунад, [он марди қибтӣ] гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамон гуна ки дирӯз касеро куштӣ, [имрӯз низ] маро бикушӣ? Қасди ту фақат зӯргӯӣ дар ин сарзамин аст ва намехоҳӣ аз ислоҳгарон [байни афрод] бошӣ»

28:20 Ва [дар ин ҳангом] марде [ки аз дӯстони Мӯсо буд] аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй Мӯсо, бузургон [-и қавми Фиръавн] дар бораи куштанат ба машварат нишастаанд, пас, бедиранг [аз шаҳр] хориҷ шав, [ки] ман ҳатман, хайрхоҳат ҳастам»

28:21 Пас, Мӯсо бо тарсу нигаронӣ аз шаҳр берун рафт ва гуфт: «Парвардигоро, маро аз [осеби] ситамгорон наҷот бидеҳ»