>

Маркази тарҷумаи Равод — 385

27:89 Ҳар ки [дар рӯзӣ қиёмат] некӣ биёварад, [подоше] беҳтар аз он хоҳад дошт ва аз ваҳшати он рӯз дар амонанд

27:90 Ва ҳар ки бадӣ биёварад, бо рӯяш дар оташ нагунсор мешаванд [ва ба онон гуфта мешавад]: «Оё ҷуз дар баробари он чи кардаед, муҷозот мешавед?»

27:91 [Эй Паёмбар, ба кофирон бигӯ] «Ман фақат маъмурам, ки Парвардигори ин шаҳр [Макка]-ро бипарастам, ҳамон ки ба ин ҷо ҳурмат бахшида ва ҳама чиз аз они Ӯст ва маъмурам, ки таслим [-и фармонаш] бошам

27:92 Ва ин ки Қуръонро тиловат кунам. Пас, ҳар ки ҳидоят шавад, ба суди хеш ҳидоят ёфтааст, ва [ба] ҳар ки гумроҳ мегардад, бигӯ: «Ман фақат бимдиҳандаам»

27:93 Ва бигӯ: «Ситоиш аз они Аллоҳ таоло аст. Ба зудӣ нишонаҳо [-и қудрат]-и хешро нишонатон хоҳад дод ва онҳоро хоҳед шинохт». Ва Парвардигорат аз он чи мекунед, ғофил нест

28:1 То, син, мим.[1]

28:2 Ин оёти китоби равшангар аст

28:3 [бахшҳое] аз достони Мӯсо ва Фиръавнро барои касоне, ки имон овардаанд, ба дурустӣ бар ту тиловат мекунем

28:4 Бе тардид, Фиръавн дар сарзамини [Миср] бартарихоҳӣ кард ва мардумашро ба гурӯҳҳо тақсим намуд. Гурӯҳе аз ононро ба нотавонӣ [ва хорӣ] мекашонд, [чунон ки] писаронашонро мекушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медошт. Ба ростӣ, ки ӯ аз табаҳкорон буд

28:5 Ва мехостем бар Бани Исроил, ки дар он сарзамин ба нотавонӣ кашида шуда буданд, [бо нобуд кардани душманашон] миннат бигузорем ва пешвоён [-и мардум] қарорашон диҳем ва [пас аз нобудии Фиръавн] ононро ворисон [-и сарзамини Шом] намоем