Маркази тарҷумаи Равод — 384
27:77 Ва ҳаққо, ки раҳнамун ва раҳмате барои муъминон аст
27:78 Мусалламан, Парвардигорат [дар қиёмат] ба ҳукми хеш миёнашон доварӣ мекунад ва Ӯ шикастнопазири доност
27:79 Пас, бар Аллоҳ таоло таваккал кун. Ба ростӣ, ки ту бар ҳақиқати ошкор ҳастӣ
27:80 Ва ту ҳаргиз наметавонӣ мурдадилонро шунаво созӣ ва [нидои] даъват [-и ҳақ]-ро ба гӯши карон бирасонӣ, он гоҳ ки онон пушт мекунанд ва рӯй мегардонанд
27:81 Ва ту наметавонӣ кӯрдилонро аз гумроҳиашон [бозгардонӣ ва] ҳидоят кунӣ. Ту [метавонӣ паёми ҳақро танҳо] ба гӯши касоне бирасонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд ва [дар баробари ҳақ] таслиманд
27:82 Ва он гоҳ ки [дар остонаи қиёмат] фармони [азоб] бар онон воҷиб гардад, ҷунбандаеро барояшон аз замин бурун меоварем, ки бо онон [дар ин маврид] сухан бигӯяд, ки мардум ба оёти Мо яқин надоштанд
27:83 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки аз ҳар уммате гурӯҳе аз онон, ки оёти Моро дурӯғ меангоштанд, ҷамъ мекунем, он гоҳ [барои ҳисобрасӣ ба саф] нигоҳ дошта мешаванд
27:84 То ҳангоме ки [ба ҷойгоҳи ҳисобрасӣ] бирасанд, [дар он ҷо Аллоҳ таоло] мефармояд: «Оё дар ҳоле ки нисбат ба [ҳақиқати] оётам донише надоштед, онҳоро дурӯғ меангоштед? Ин чи коре буд, ки мекардед?»
27:85 Ва ба хотири ситаме, ки карданд, фармон [-и азоб] бар онон воқеъ мегардад ва ҳеҷ сухане [дар дифоъ аз худ] намегӯянд
27:86 Оё надиданд, ки шабро падид овардаем, то дар он оромиш ёбанд ва рӯзро равшанибахш [сохтаем, то ба кор ва талош бипардозанд]? Бе тардид, дар ин [офариниш] барои онон, ки имон меоваранд, нишонаҳо [-и равшане аз қудрати Аллоҳ таоло] аст
27:87 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки дар сур дамида мешавад ва ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, ваҳшат мекунад, магар он ки Аллоҳ таоло бихоҳад ва ҳамагӣ бо хорӣ [ва зиллат] ба пешгоҳи Аллоҳ таоло меоянд
27:88 Ва кӯҳҳоро мебинӣ [ва] онҳоро беҳаракат мепиндорӣ, ҳол он ки монанди гузари абрҳо дар ҳаракатанд. Ин офариниши илоҳӣ аст, ки ҳар чизеро маҳкам [-у устувор] падид овардааст. Бе тардид, Ӯ ба он чи мекунед огоҳ аст