>

Маркази тарҷумаи Равод — 383

27:64 [Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки офаринишро оғоз кард ва сипас онро бозмегардонад ва [ё] он ки аз осмон ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Бигӯ: «Агар ростгӯед, далелатонро биёваред»

27:65 Бигӯ: «Касе дар осмонҳо ва замин аз ғайб огоҳ нест, магар Аллоҳ таоло. Ва намедонанд чи замоне барангехта мешаванд

27:66 Оё илмашон дар бораи охират ба камол расидааст [ва дар борааш яқин доранд? Ҳаргиз], балки онон дар ин маврид дар шак [-у ҳайронӣ] ҳастанд, балки эшон нисбат ба [фаҳми] он [бебасират ва] кӯрдиланд

27:67 Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Оё ҳангоме ки мо ва падаронамон хок шудем, моро [зинда мекунанд ва аз гӯр] берун меоваранд?

27:68 Дар ҳақиқат, инро ба мо ва пеш аз ин ба падаронамон [низ] ваъда додаанд. Ин [сухан чизе] нест, магар афсонаҳои пешиниён»

27:69 [Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми гунаҳгорон чи гуна будааст»

27:70 Ва аз [рӯйгардонии] онон ғамгин набош ва аз найрангҳое, ки меварзанд, дилтанг нашав

27:71 Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [-и азоб] кай хоҳад буд»?

27:72 Бигӯ: «Чи басо бархе аз он чи ба шитоб мехоҳед, ба шумо наздик бошад»

27:73 Ва бе гумон, Парвардигорат нисбат ба мардум бахшиш [-у раҳмат] дорад, вале бештарашон сипос намегузоранд

27:74 Ва бе тардид, Парвардигорат он чиро дар синаҳояшон пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд, ба хубӣ медонад

27:75 Ва ҳеҷ пинҳонӣ дар осмону замин нест, магар он ки дар китобе равшан [Лавҳи маҳфуз] сабт аст

27:76 Бе гумон, ин Қуръон бештар он чиро, ки Бани Исроил дар борааш ихтилоф доранд, барояшон баён мекунад