Маркази тарҷумаи Равод — 382
27:56 Пас, посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки [ба якдигар] гуфтанд: «Хонаводаи Лутро аз шаҳри худ берун кунед, [чаро ки] бе тардид, инҳо афроде покдоман ҳастанд»
27:57 Он гоҳ ӯ ва хонаводаашро наҷот додем, магар ҳамсарашро, ки муқаддар кардем аз бозмондагон [дар азоб] бошад
27:58 Ва бар онон бороне [аз санг] борондем ва борони бимдодашудагон чи бад бувад!
27:59 Бигӯ: «Ситоишу сипос аз они Аллоҳ таоло аст ва салом бар бандагонаш, ки [ононро] баргузидааст» Оё Аллоҳ таоло беҳтар аст ё он чи [бо Ӯ] шарик месозанд?
27:60 [Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон бароятон обе нозил кард ва бо он борон бӯстонҳое хуррам [-у зебо] рӯёнидем, ки ҳаргиз тавони рӯёнидани дарахтонро надоштед? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло аст? [Ҳаргиз] Балки онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки [махлуқотро] ҳамтирози [Аллоҳ таоло] қарор медиҳанд
27:61 [Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки заминро қароргоҳи [амне] сохт ва миёнаш ҷӯйборҳое равон кард ва барояш кӯҳҳое [устувор] падид овард ва миёни ду дарё монеае қарор дод [то оби шӯру ширин бо ҳам наёмезанд]? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? [Ҳаргиз] Аммо бештарашон намедонанд
27:62 [Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки [дуои] дармондаро – чун бихондаш – иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф месозад ва шуморо ҷонишинони [пешиниён дар] замин қарор медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Чи андак панд мегиред!
27:63 [Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки дар торикиҳои биёбон ва дарё [ба василаи моҳу ситорагон] ҳидоятатон мекунад ва он ки пеш аз [борони] раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Аллоҳ таоло аз он чи [барояш] шарик қарор медиҳанд, бартар аст