Маркази тарҷумаи Равод — 381
27:45 Ва ба сӯйи қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки [бигӯяд] «Аллоҳи ягонаро бипарастед», вале онон ба ду гурӯҳ [муъминон ва кофирон] тақсим шуданд ва ба ситез пардохтанд
27:46 [Солеҳ] Гуфт: «Эй қавми ман, чаро ба ҷойи раҳмат шитобзада хоҳони азоби илоҳӣ ҳастед? Чаро аз Аллоҳ таоло омурзиш намехоҳед? Бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред»
27:47 Онон гуфтанд: «Мо ту ва касонеро, ки ҳамроҳат ҳастанд, ба фоли бад гирифтаем». [Солеҳ] Гуфт: «Фоли бади шумо [ва дониши он] назди Аллоҳ таоло аст, балки шумо гурӯҳе ҳастед, ки озмоиш мешавед»
27:48 Ва дар шаҳр [-и Ҳиҷр] нуҳ нафар [сардастаи гурӯҳ] буданд, ки дар он сарзамин ба фасод мепардохтанд ва [ҳеҷ] кори шоистае намекарданд
27:49 [Онон ба якдигар] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунед, ки бар ӯ [Солеҳ] ва хонаводааш шабехун бизанем [ва ононро бикушем]. Он гоҳ ба хунхоҳаш бигӯем: «Мо ҳангоми куштори хонаводааш ҳозир набудем ва ҳатман, рост мегӯем»
27:50 Онон [барои қатли Солеҳ ва пайравонаш] найранге ба кор бурданд ва Мо [барои нобудии кофирон] низ найранге андешидем, дар ҳоле ки онон намедонистанд
27:51 Пас, бингар оқибати найрангашон чи шуд: мо ҳамаи он афрод ва қавмашонро нобуд кардем
27:52 Инак хонаҳояшон ба сазои ситаме, ки карданд, [вайрону] тиҳӣ мондааст. Бе гумон, дар ин [кайфар] барои касоне, ки медонанд [ва имон доранд] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст
27:53 Ва касонеро, ки имон оварда ва парҳезкор буданд, [ҳамроҳи Солеҳ] наҷот додем
27:54 Ва [ёд кун аз] Лут он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Бо он ки [зиштӣ ва гуноҳи ливотро] медонед, оё [боз ҳам] муртакиби ин амали бешармона мешавед?
27:55 Оё аз рӯйи шаҳват ба ҷойи занон бо мардон дармеомезед? Балки шумо гурӯҳе нодонед»