Маркази тарҷумаи Равод — 380
27:36 Пас, чун [фиристодаи малика] назди Сулаймон омад, [Сулаймон] гуфт: «Оё [мехоҳед] бо мол [-у сарват] ба ман кумак кунед? Он чи Аллоҳ таоло [аз паёмбарӣ ва донишу фармонравӣ] ба ман бахшида, аз он чизе, ки ба шумо ато карда беҳтар аст, балки шумоед, ки ба ҳадяи хеш [ва сарватҳои дунё] шодмон мешавед
27:37 Назди онон бозгард [ва бигӯ, ки] ҳатман, бо лашкариёне ба сӯяшон хоҳем омад, ки тавони муқобила бо онро надошта бошанд ва бе тардид, ононро аз он [сарзамин] хору зор берун мекунем»
27:38 [Он гоҳ] Гуфт: «Эй бузургон, кадом яке аз шумо, пеш аз он ки онон таслимшуда назди ман биёянд, тахти ӯро бароям меоварад?»
27:39 Яке аз ҷинниёни тануманд гуфт: «Пеш аз он ки аз ҷоят бархезӣ, ман онро наздат меоварам ва ҳатман, барои анҷоми ин кор неруманду аминам»
27:40 Касе, ки донише аз китоб [-и илоҳӣ] дошт, гуфт: «Пеш аз он ки чашм бар ҳам бизанӣ, онро бароят меоварам». Пас, чун [Сулаймон] он [тахт]-ро назди худ мустақар дид, гуфт: «Ин аз фазли Парвардигори ман аст, то биозмоядам, ки оё сипос медорам ё носипосӣ мекунам. Пас, ҳар ки сипос гузорад, танҳо ба суди хеш сипос мегузорад ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, [ба зиёни худ носипосӣ кардааст, чаро ки] бе тардид, Парвардигорам бениёзи карим аст
27:41 [Сулаймон] гуфт: «Тахташро [тағйири шакл диҳед ва] барояш ношинос кунед, то бубинам, оё [онро] ташхис медиҳад ё аз касонест, ки [ашё ва амволи худро] намешиносанд
27:42 Пас, чун [маликаи Сабаъ] омад, [ба ӯ] гуфта шуд: «Оё тахти ту ин гуна аст?». [Малика] гуфт: «Гӯё ҳамон аст». Ва [Сулаймон гуфт] «Ин дониш [ва тавоноӣ] пеш аз ин ба мо дода шудааст ва ҳамвора фармонбардор будаем»
27:43 Ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ӯро [аз имон ва тавҳид] боздошта буд. Бе тардид, [малика] аз ҷумлаи кофирон буд
27:44 Ба вай гуфта шуд: «Ба саҳн [-и қаср] ворид шав». Пас, ҳангоме ки онро дид, пиндошт, ки оби амиқест ва ҷома аз соқҳо [-и пои] хеш боло кашид [то аз об бигзарад. Сулаймон] Гуфт: «Ин [об нест, балки] кохе аст, ки бо [қитаоти булур фарш шудааст». [Он гоҳ ӯро ба тавҳид даъват кард. Маликаи Сабаъ] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба худ ситам кардаам ва [инак] ҳамроҳи Сулаймон таслими Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – шудам»