>

Маркази тарҷумаи Равод — 38

2:234 Ва афроде аз шумо, ки мемиранд ва ҳамсарон [-и ғайри бордор аз худ] боқӣ мегузоранд, [он занон барои издивоҷи муҷаддад] бояд чаҳор моҳ ва даҳ рӯз интизор бикашанд [ва идда нигаҳ доранд] ва ҳангоме ки муддати иддаи худро ба поён расониданд, дар мавриди он чи онон ба таври шоиста [ва машруъ] дар бораи [зиндагии] худ анҷом диҳанд, гуноҳе бар шумо [сарпарастон] нест; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст

2:235 Ва гуноҳе бар шумо нест, ки ба таври киноя аз занони [бева ё талоқшудае, ки идда нигаҳ доштаанд] хостгорӣ кунед ва ё дар дил тасмим бар ин кор бигиред [бидуни ин ки онро баён кунед]. Аллоҳ таоло медонист, ки шумо ба зудӣ ба ёди онон хоҳед афтод; вале пинҳонӣ ба онҳо ваъда [-и заношӯӣ] надиҳед, магар ин ки [ба киноя] сухани писандида бигӯед ва [ҳамчунин] тасмим ба ақди издивоҷ нагиред, то муддати муқаррар [идда] ба сар ояд; ва бидонед, ки Аллоҳ таоло он чиро, ки дар дилҳои шумост, медонад; пас, аз [мухолифат бо] Ӯ парво кунед ва бидонед, ки ба ростӣ Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст

2:236 Агар занонро пеш аз омезиш ва таъйини маҳрия [ба далоиле] талоқ диҳед, гуноҳе бар шумо нест ва [дар ин сурат дилҷӯӣ кунед ва] ононро [бо ҳадяи муносиб] баҳраманд созед; тавонгар ба андозаи тавонаш ва тангдаст ба андозаи тавонаш. [Иҷрои ин ҳукм] Бар накукорон [ҳаққи собит ва] илзомист

2:237 Агар пеш аз наздикӣ бо онон хостед талоқашон бидиҳед ва маҳрияе барояшон таъйин карда будед, нисфи он чиро, ки таъйин кардаед [ба онон бипардозед]; магар ин ки [ҳаққи худро] бибахшанд ё [шавҳар, яъне] касе, ки [тасмимгирӣ дар мавриди] пайванди издивоҷ бо ӯст, гузашт кунад [ва тамоми маҳрияро бипардозад]. Гузашт кардани шумо [ва бахшидани тамоми маҳрия ба занон] ба парҳезкорӣ наздиктар аст. [Эй муъминон, ҳангоми пардохти ҳуқуқ, осонгирӣ ва] некиро миёни худ фаромӯш накунед [ва бидонед, ки] ба ростӣ Аллоҳ таоло ба он чи мекунед биност