>

Маркази тарҷумаи Равод — 379

27:23 Ман [он ҷо] занеро ёфтаам, ки бар онон фармонравоӣ мекунад ва [ба ӯ] аз ҳар гуна неъмате додаанд ва тахти бузурге дорад

27:24 Ӯ ва қавмашро дидам, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло барои хуршед саҷда мекунанд ва шайтон корҳои [ботили] ононро барояшон ороста ва эшонро аз роҳ [-и рост] боздоштааст, аз ин рӯ, ҳидоят намешаванд»

27:25 [Шайтон фиребашон додааст] То барои Аллоҳ таоло саҷда накунанд [ҳамон маъбуде], ки ниҳони осмонҳо ва заминро ошкор мекунад ва он чиро, ки пинҳон мекунед ва ошкор месозед, [ҳамаро] медонад

27:26 Аллоҳ таоло, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ӯ нест, Парвардигори Арши бузург аст

27:27 [Сулаймон] гуфт: «Хоҳем дид, ки оё рост гуфтаӣ ё дурӯғгӯӣ

27:28 Ин номаи маро бибар ва ба сӯйи онон бияфкан, он гоҳ дур шав ва [дар гӯшае биист ва] бингар, ки [дар бораи он] чи мегӯянд»

27:29 [Маликаи Сабаъ] гуфт: «Эй бузургон, номаи арҷманде ба сӯйи ман афканда шудааст

27:30 Ин [нома] аз ҷониби Сулаймон аст ва чунин аст: «Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон

27:31 Бар ман бартарӣ маҷӯед ва дар ҳоле ки [аз ширк даст бардошта ва] таслим [-и ҳақ ва тавҳид] шудаед, назди ман биёед»

27:32 [Малика] Гуфт: «Эй бузургон, назари худро дар ин маврид бигӯед, [чаро ки] ман ҳаргиз бидуни ҳузур [-у машварат]-и шумо дар бораи коре тасмим нагирифтаам»

27:33 Онон гуфтанд: «Мо неруи бисёр ва ҷангҷӯёни қудратманде дорем, вале ихтиёр [-у тасмими ниҳоӣ] бо туст. Пас, баррасӣ кун, ки чи дастуре бидиҳӣ»

27:34 [Малика] гуфт: «Бе тардид, вақте подшоҳон [ба унвони фотеҳ] вориди шаҳре мешаванд, онро вайрон [ва табоҳ] месозанд ва бузургонашро хору залил мекунанд ва рафторашон ҳамвора чунин будааст

27:35 Ва ман ҳадяе барояшон мефиристам ва мунтазир мемонам, то бубинам, ки фиристодагон чи посухе [бароям] меоваранд»