>

Маркази тарҷумаи Равод — 378

27:14 Ва онҳоро аз рӯи ситаму саркашӣ инкор карданд, дар ҳоле ки дилҳояшон ба онҳо яқин доштанд; пас бингар, ки саранҷоми муфсидон чи гуна бувад

27:15 Ва ба ростӣ, ба Довуд ва Сулаймон донише [азим] додем ва онон гуфтанд: “Ситоиш аз они Аллоҳ таоло аст, ки моро бар бисёре аз бандагони муъмини худ бартарӣ бахшид”

27:16 Ва Сулаймон аз Довуд мерос бурд ва гуфт: “Эй мардум, [фаҳми] забони парандагон ба мо омӯхта шуда ва аз ҳар чиз ба мо [баҳрае] додаанд. Бе тардид, ин фазле ошкор [аз ҷониби Парвардигор] аст”

27:17 Ва сипоҳиёни Сулаймон – аз ҷинну инс ва парандагон – наздаш гирд омаданд; он гоҳ муназзам [ва пайваста дар канори якдигар] мерафтанд

27:18 [Онон ба роҳи худ идома доданд], то вақте ба сарзамини мӯрчагон [дар Шом] расиданд. Мӯрчае гуфт: "Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ биравед, то Сулаймон ва лашкариёнаш шуморо [надида ва] надониста поймол накунанд”

27:19 Пас [Сулаймон] аз сухани он [мӯрча] хандид ва гуфт: «Парвардигоро, ба ман тавфиқ бидеҳ, то шукри неъматеро, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштаӣ ба ҷой оварам ва [ёриам кун, то] коре шоистае анҷом диҳам, ки мояи хушнудиат гардад ва ба раҳмати хеш маро дар ҷамъи бандагони шоистаат ворид кун”

27:20 Ва [Сулаймон ҳоли] парандагонро ҷӯё шуд ва гуфт: «Чи шудааст, ки ҳудҳудро намебинам? [Оё ҷойе пинҳон шуда] ё ғоиб аст?

27:21 [Пас, чун ӯро наёфт гуфт] Ҳатман, ба сахтӣ муҷозот мекунам ё сарашро мебурам, магар он ки далели равшане [барои ғайбаташ] биёварад»

27:22 Пас, дере напоид [ки ҳудҳуд омад] ва гуфт: «Аз чизе огоҳӣ ёфтаам, ки ту бад-он огоҳӣ наёфтаӣ ва аз [сарзамини] Сабаъ бароят хабаре боэътимод овардаам