Маркази тарҷумаи Равод — 377
27:1 То, син.[1] Ин оёти Қуръон ва китобе равшангар аст
27:2 [Ки] Ҳидояту башорате барои муъминон аст
27:3 [Ҳамон] Касоне, ки намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва ба охират яқин доранд
27:4 Дар ҳақиқат, касоне, ки ба охират имон намеоваранд, аъмолашонро барояшон оростаем, пас, [кӯрдилу] саргаштаанд
27:5 Ононанд, ки азоби дарднок [дар пеш] доранд ва дар охират зиёнкортаранд
27:6 Ва [эй паёмбар] яқинан, ту Қуръонро аз пешгоҳи [Парвардигори] ҳакими доно дарёфт мекунӣ
27:7 [Ёд кун аз] Ҳангоме ки Мӯсо ба хонаводааш гуфт: “[Биистед] Ман оташе [аз дур] дидам. Ба зудӣ хабаре аз он бароятон меоварам ё шуълаи оташе меоварам, то гарм шавед”
27:8 Пас, чун ба он [оташ] расид, нидо дода шуд, ки: “Муборак [ва хуҷаста] бод он ки дар оташ аст ва ҳар [фариштае], ки перомуни он аст ва поку муназзаҳ аст Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён
27:9 Эй Мӯсо, ба ростӣ, ки Манам Аллоҳи шикастнопазири ҳаким
27:10 Ва асоятро биафкан. Пас, чун [Мӯсо] онро дид, ки ҳамчун море [бо суръат] мехазад, [аз тарс] пушт кард ва гурехт ва бознагашт. [Нидо омад] “Эй Мӯсо, натарс! Паёмбарон дар пешгоҳи Ман ҳеҷ тарсе надоранд
27:11 Аммо касе, ки ситам кунад, он гоҳ [пас аз тавба] бадиро ба некӣ табдил намояд, [бидонад, ки] бе тардид, Ман омурзандаи меҳрубонам
27:12 Ва дастатро дар гиребон фурӯ бар, [то] сапед ва бидуни айб [-у бемории песӣ] хориҷ шавад. [Ин муъҷизаест] Дар зумраи муъҷизоти нуҳгона [ки бояд] ба сӯйи Фиръавн ва қавмаш [бибарӣ, чаро ки] бе тардид, онон гурӯҳе нофармонанд”
27:13 Пас, чун оёти Мо равшан [-у возеҳ] ба сӯяшон омад, гуфтанд: “Ин ҷодуе ошкор аст”