Маркази тарҷумаи Равод — 376
26:207 Ин баҳрамандиашон [аз дунё дар ҳангоми азоб] суде барояшон нахоҳад дошт?
26:208 Ва Мо [сокинони] ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардем, магар ин ки ҳушдордиҳандагоне [аз паёмбарон] доштанд
26:209 То ононро панд диҳанд ва Мо ҳаргиз ситамгор набудаем [ки итмоми ҳуҷҷат накунем]
26:210 Ва ин Қуръонро шаётин нозил накардаанд
26:211 Онон на дархӯри ин коранд ва на тавонашро доранд
26:212 Бе тардид, онон аз шунидани [ваҳй] барканоранд
26:213 Пас, [эй паёмбар] ҳеҷ маъбудеро бо Аллоҳ таоло махон, ки азоб хоҳӣ шуд
26:214 Ва хешовандони наздикатро [аз азоби илоҳӣ] бим деҳ
26:215 Ва бо муъминоне, ки аз ту пайравӣ кардаанд, меҳрубон [-у фурӯтан] бош
26:216 Пас, агар аз [фармони] ту сарпечӣ карданд, бигӯ: “Ба ростӣ, ман аз он чи мекунед, безорам”
26:217 Ва бар [Аллоҳи] шикастнопазири меҳрубон таваккал кун
26:218 Ҳамон ки чун [барои ибодат] бармехезӣ, туро мебинад
26:219 Ва ҳаракат [ва нишасту бархости] туро миёни саҷдакунандагон [мебинад]
26:220 Бе тардид, Ӯ ҳамон шунавои доност
26:221 Оё ба шумо хабар диҳам, ки шаётин бар чи касе нозил мешаванд?
26:222 Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор
26:223 Онон шунидаҳое [-ро, ки дуздона аз малакут гӯш додаанд, ба ҷодугарон ва фолгирон] илқо мекунанд ва бештарашон дурӯғгӯ ҳастанд
26:224 Ва [Муҳаммад шоир нест, зеро] шоиронро гумроҳон пайравӣ мекунанд
26:225 Оё надидӣ, ки онон дар ҳар лағву беҳудае [ҳайрону] саргаштаанд?
26:226 Ва чизеро мегӯянд, ки [худ ба он эътиқод надоранд ва] амал намекунанд?
26:227 Магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд ва Аллоҳро бисёр ёд кардаанд ва пас аз он ки ситам диданд, интиқом гирифтанд [ва бо шеъри худ аз ислому муслимин дифоъ намуданд] ва касоне, ки ситам карданд, ба зудӣ хоҳанд донист, ба чи бозгаштгоҳе бозмегарданд