Маркази тарҷумаи Равод — 375
26:184 Ва аз касе, ки шумо ва умматҳои пешинро офарид, парво кунед [битарсед]
26:185 Онон гуфтанд: «[Эй Шуайб] Ҷуз ин нест, ки ту ҷодушудаӣ
26:186 Ту ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестӣ ва мо туро дурӯғгӯ мепиндорем
26:187 Пас, агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар [сари] мо биандоз»
26:188 [Шуайб] Гуфт: «Парвардигорам ба он чи мекунед, донотар аст»
26:189 Пас, ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва азоби рӯзи абр [-и оташбор] ононро фаро гирифт. Ба ростӣ, ки он [борони оташ] азоби рӯзи ҳавлноке буд
26:190 Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст; ва бештарашон муъмин набуданд
26:191 Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
26:192 Ва ба ростӣ, [ин] Қуръон фуруфиристодаи Парвардигори ҷаҳониён аст
26:193 Рӯҳу-л-амин [Ҷабраил] онро фуруд овардааст
26:194 Бар қалби ту [нозил кардааст], то бимдиҳанда бошӣ
26:195 [Қуръонро] Ба забони арабии равшан [нозил намуд]
26:196 Ва бе тардид, [башорати нузули] он дар китобҳои пешиниён [низ омада] аст
26:197 Оё ҳамин нишона барояшон кофӣ нест, ки уламои Бани Исроил аз [ҳақиқати] Қуръон огоҳанд?
26:198 Ва агар онро бар баъзе аз ғайриарабҳо нозил мекардем
26:199 Ва [паёмбар] онро барояшон мехонд, ба он имон намеоварданд
26:200 [Оре] Ин гуна он [куфру такзиб]-ро дар дилҳои гунаҳгорон ҷой додем
26:201 Аммо ба он имон намеоваранд, то он гоҳ ки азоби дарднокро бубинанд
26:202 Пас, ногаҳон дар ҳоле ки бехабаранд, ба суроғашон меояд
26:203 Пас, [дар он ҳол] мегӯянд: “Оё муҳлате [барои тавба] хоҳем дошт?”
26:204 Оё онон азоби моро ба шитоб хосторанд?
26:205 Оё донистӣ, ки агар ононро солҳо [аз зиндагии дунё] баҳраманд созем
26:206 Сипас он чи ки ба онон ваъда дода шудааст, ба суроғашон биёяд