>

Маркази тарҷумаи Равод — 374

26:160 Қавми Лут [низ] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд

26:161 Он гоҳ ки бародарашон Лут ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?

26:162 Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам

26:163 Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»

26:164 Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст

26:165 Аз мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед

26:166 ва ҳамсаронеро, ки Аллоҳ таоло бароятон офаридааст, раҳо мекунед? Балки шумо гурӯҳи мутаҷовизед

26:167 Онон гуфтанд: «Эй Лут, агар [аз ин амру наҳй] даст барнадорӣ, ҳатман, [аз шаҳр] ихроҷ мешавӣ»

26:168 [Лут] Гуфт: «Ман душмани [сарсахти] ин коратон ҳастам

26:169 Парвардигоро, ман ва хонаводаамро аз [оқибати] он чи [инҳо] анҷом медиҳанд, наҷот деҳ»

26:170 Пас, мо ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем

26:171 Магар пиразане, ки дар миёни бозмондагон [дар азоб] буд

26:172 Сипас дигаронро нобуд кардем

26:173 Ва бар онон бороне [аз санг] боронидем ва борони бимдодашудагон чи бад буд!

26:174 Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд

26:175 Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст

26:176 Асҳоби Айка [низ] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд

26:177 Он гоҳ ки Шуайб ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?

26:178 Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам

26:179 Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»

26:180 Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст

26:181 Паймонаро тамом бидиҳед ва камфурӯшӣ накунед

26:182 Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед

26:183 Ва колои мардумро кам надиҳед [ва ҳаққашонро зоеъ накунед] ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед