Маркази тарҷумаи Равод — 373
26:137 Ин [оини мо ҳамон] равиши пешиниён аст
26:138 ва мо [ҳаргиз] азоб нахоҳем шуд»
26:139 Пас, онон Ҳудро дурӯғгӯ ангоштанд. Пас, Мо [низ] ҳалокашон кардем. Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд
26:140 Ва бе тардид, Парвардигорат шикастнопазири меҳрубон аст
26:141 [Қавми] Самуд паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
26:142 Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?
26:143 Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
26:144 Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
26:145 Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
26:146 Оё [мепиндоред, ки] шуморо дар неъматҳое, ки ин ҷост, осуда раҳо мекунанд?
26:147 Дар [ин] боғҳо ва чашмасорҳо
26:148 Ва [дар канори ин] киштзорҳо ва нахлҳое, ки меваҳояш нарму расидааст?
26:149 Ва моҳирона аз кӯҳҳо [барои худ] хонаҳое метарошед
26:150 Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
26:151 Ва аз исрофкорон [-и гунаҳгор] пайравӣ накунед
26:152 [Ҳамон] Касоне, ки дар замин ба фасод мепардозанд ва [хештанро] ислоҳ намекунанд”
26:153 Онон гуфтанд: “[Эй Солеҳ] Ҷуз ин нест, ки ту ҷодушудаӣ
26:154 Ту ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестӣ, пас, агар рост мегӯӣ, нишонае [бар паёмбариат] биёвар”
26:155 [Солеҳ] Гуфт: «Ин модашутурест, ки саҳме аз об [-и чашма] дорад ва [рӯзҳои муайяне низ] шумо саҳме аз об доред
26:156 Пас, [камтарин] озоре ба он нарасонед, ки азоби рӯзи бузург шуморо фаро мегирад”
26:157 Пас, онро [захмӣ карданд ва] куштанд ва [он гоҳ аз кардаи худ] пушаймон шуданд
26:158 Пас, азоб [-и илоҳӣ] ононро фурӯ гирифт. Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд
26:159 Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст