Маркази тарҷумаи Равод — 372
26:112 [Нуҳ] Гуфт: «Ман ба он чи онон [дар гузашта] мекарданд, чи донише дорам?
26:113 Ҳисоби онон танҳо бо Парвардигори ман аст. Агар мефаҳмед [чунин сухани газофе нагӯед]
26:114 Ва ман [ҳаргиз] муъминонро тард [дур] намекунам
26:115 Ман ҷуз бимдиҳандаи ошкор нестам»
26:116 Онон гуфтанд: «Эй Нуҳ, агар [аз даъватат] даст барнадорӣ, ҳатман, сангсор мешавӣ»
26:117 Ӯ гуфт: «Парвардигоро, қавмам маро дурӯғгӯ ангоштанд
26:118 Пас, миёни ману эшон доварӣ кун ва маро ва муъминонеро, ки ҳамроҳам ҳастанд, наҷот бидеҳ»
26:119 Пас, ӯ ва афродеро, ки ҳамроҳаш буданд, дар [он] киштии оганда [ пур аз инсону ҳайвон] наҷот додем
26:120 Ва боқимондагонро ғарқ кардем
26:121 Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст, вале бештарашон муъмин набуданд
26:122 Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
26:123 [Қавми] Од паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
26:124 Он гоҳ ки бародарашон Ҳуд ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?”
26:125 Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
26:126 Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
26:127 Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
26:128 Оё бар ҳар макони баланде биное беҳуда месозед?
26:129 Ва қасрҳо ва қалъаҳои муҳкаму устувор бино мекунед, гӯиё [дар дунё] ҷовидонаед
26:130 Ва чун [ба касе] ҳамлавар мешавед, [бераҳм ва] золимона ҳамла мекунед
26:131 Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
26:132 Ва аз касе парво кунед, ки ба шумо [неъматҳое чунон фаровон] ато кардааст, ки худ [онҳоро беҳтар] медонед
26:133 Ӯ ба шумо чаҳорпоёну фарзандон [-и бисёр] ато кардааст
26:134 Ва боғҳо ва чашмасорҳо
26:135 Ба ростӣ, ки ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо метарсам”
26:136 Онон гуфтанд: “Чи моро панд бидиҳӣ, ё надиҳӣ, бароямон яксон аст [ва аз ту тоат намекунем]