Маркази тарҷумаи Равод — 371
26:84 Ва бароям дар ояндагон овозаи нек қарор бидеҳ
26:85 Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат бигардон
26:86 Ва падарамро биёмурз, [ки] бе тардид, дар зумраи гумроҳон буд
26:87 Ва рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, маро расво [ва шарманда] насоз
26:88 Ҳамон рӯзе, ки молу фарзандон суде намебахшанд
26:89 Магар касе, ки бо қалби пок [ва холӣ аз ширку нифоқ ва риё] ба пешгоҳи Аллоҳ таоло биёяд»
26:90 Ва [он рӯз] биҳишт барои парҳезкорон наздик мегардад
26:91 Ва дузах барои гумроҳон ошкор мешавад
26:92 Ва ба онон гуфта мешавад: «Он чи ба ҷои Аллоҳ таоло мепарастидед, [акнун] куҷо ҳастанд?
26:93 Оё [онҳо дар баробари азоби илоҳӣ] ёриатон мекунанд ё [ҳатто худ]-ро ёрӣ медиҳанд?»
26:94 Пас, онҳо [бутҳо] ҳамроҳи гумроҳон дар он [оташи ҳавлангез] афканда мешаванд
26:95 Ва [ҳамроҳи] тамоми лашкариёни Иблис
26:96 Дар он ҷо [мушрикон] дар ҳоли ситез [бо маъбудони ботил] мегӯянд:
26:97 «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки мо дар гумроҳии ошкоре будем»
26:98 Он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем
26:99 Ва моро касе ҷуз муҷримон гумроҳ накард
26:100 Пас, [акнун] на ҳеҷ шафоатгаре дорем
26:101 Ва на ҳеҷ дӯсти меҳрубоне
26:102 Пас, кош бозгаште [ба дунё] доштем ва дар зумраи муъминон қарор мегирифтем»
26:103 Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст, вале бештарашон муъмин набуданд
26:104 Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
26:105 Қавми Нуҳ паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
26:106 Он гоҳ ки бародарашон Нуҳ ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?»
26:107 Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
26:108 Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
26:109 Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
26:110 Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
26:111 Онон гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем, дар ҳоле ки [фақат] фурӯмоягон] аз ту пайравӣ кардаанд?»