Маркази тарҷумаи Равод — 370
26:61 Ва чун ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Ҳатман, [дар чанголи фиръавниён] гирифторем»
26:62 [Мӯсо] Гуфт: «Ҳаргиз! Бе тардид, Парвардигорам бо ман аст ва маро [ба роҳи наҷот] ҳидоят хоҳад кард»
26:63 Пас, ба Мӯсо ваҳй кардем: «Асоятро ба дарё бизан», пас, [Нил] шикофта шуд ва ҳар бахше [аз он] ҳамчун кӯҳе бузург гашт
26:64 Ва он гурӯҳи дигар [сипоҳи Фиръавн]-ро ба он ҷо кашондем
26:65 Ва Мӯсо ва ҳамаи касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, наҷот додем
26:66 Ва дигаронро ғарқ намудем
26:67 Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст, вале бештарашон муъмин набуданд
26:68 Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
26:69 [Эй Паёмбар] Достони Иброҳимро бар онон бозгӯ
26:70 Ҳангоме ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чи чизро мепарастед?»
26:71 Онон гуфтанд: «Бутҳоеро мепарастем ва пайваста сар бар остонашон дорем»
26:72 [Иброҳим] Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, [садои] шуморо мешунаванд?
26:73 Ё ба шумо суду зиён мерасонанд?»
26:74 Онон гуфтанд: «[На] Вале падаронамонро ёфтем, ки чунин мекарданд»
26:75 [Иброҳим] гуфт: «Оё дидед [ва донистед] чизҳоеро, ки ҳамвора мепарастидед
26:76 - [ҳам] шумо ва [ҳам] падаронатон –
26:77 яқинан, [ҳамаи] онҳо душмани [ақидаи тавҳидии] ман ҳастанд. Магар Парвардигори ҷаҳониён
26:78 Он [маъбуде], ки маро офарида ва ҳидоятам мекунад
26:79 Ва ҳамоне, ки ба ман ғизо медиҳад ва серобам месозад
26:80 Ва ҳангоме ки бемор мешавам, Ӯст, ки шифоям медиҳад
26:81 Ва касе, ки маро мемиронад ва [дубора] зиндаам мекунад
26:82 Ва касе, ки умед дорам рӯзи ҷазо гуноҳонамро бубахшад
26:83 Парвардигоро, ба ман донише [дар дин] бубахш ва маро ба шоистагон мулҳақ кун