>

Маркази тарҷумаи Равод — 37

2:231 Ва ҳангоме ки занонро талоқ [-и раҷъӣ] додед ва ба поёни [рӯзҳои] иддаи хеш расиданд, ба шоистагӣ ононро нигаҳ доред ва ё ба некиву хубӣ раҳояшон созед; ва [ҳамчун даврони ҷоҳилият] ононро ба хотири [озору] зиён расондан нигаҳ надоред, то [ба ҳуқуқашон] таҷовуз кунед; ва ҳар ки чунин кунад, ҳатман ба худ ситам кардааст; ва оёти Аллоҳро ба сухра [лаҳву лаъб] нагиред ва неъмати Аллоҳро бар худ ва он чиро, ки аз китоб [Қуръон] ва ҳикмат бар шумо нозил кардааст ва шуморо бо он панд медиҳад, ба ёд биёваред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло ба ҳама чиз доност

2:232 Ва ҳангоме ки занонро талоқ додед ва [муддате] иддаи худро ба поён расонданд, [шумо, эй сарпарастон] ононро боз надоред, ки агар [бар асоси меъёрҳои шаръӣ] ба тарзи писандидае байни хеш ба тавофуқ расида буданд, бо шавҳарони [собиқи] худ издивоҷ кунанд. Ин [дастуре аст], ки ҳар яке аз шумо, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дорад, ба он [ҳукм] панд дода мешавад; ва ин [дастур] бароятон пурбаракаттар ва покизатар аст; ва Аллоҳ таоло [хайру салоҳи шуморо] медонад ва шумо намедонед

2:233 Ва модарон [бояд] фарзандони худро ду соли тамом шир диҳанд. [Ин дастур] Барои касест, ки бихоҳад даврони ширхораги [-и фарзандаш]-ро такмил кунад; ва бар соҳиби фарзанд [падар] лозим аст хӯроку пӯшоки онон [модарон]-ро [дар муддати шир додан] ба таври шоиста [фароҳам кунад]. Ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш мукаллаф намешавад; на модар бояд ба хотири фарзандаш зиён бубинад ва на падар ба сабаби фарзандаш. [Агар падари кӯдак фавт карда буд ва моле ҳам надошт] Монанди ҳамин [тааҳҳудоти падар] бар ворис [низ] лозим аст; пас, агар он ду [падару модар] бо ризояту машварати якдигар бихоҳанд [кӯдакро зудтар] аз шир бозгиранд, гуноҳе бар онҳо нест; ва агар хостед, ки барои фарзандатон дояе бигиред, гуноҳе бар шумо нест; ба шарте ки он чи [аз ҳуқуқу дастмузд] муқаррар кардаед, ба таври шоиста бипардозед; ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед биност