>

Маркази тарҷумаи Равод — 369

26:40 Агар ҷодугарон пирӯз шуданд, [ҳамагӣ] аз онон пайравӣ кунем»

26:41 Пас, вақте ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Агар мо пирӯз шавем, оё подоше хоҳем дошт»?

26:42 Ӯ гуфт: «Оре, дар он сурат, ҳатман, аз наздиконам хоҳед буд»

26:43 Мӯсо ба онон гуфт: «Ҳар чи [мехоҳед] биафканед, [акнун] биафканед»

26:44 Пас, онон ресмонҳо ва асоҳояшонро афканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн савганд, ки мо, ҳатман, пирӯзем»

26:45 Сипас Мӯсо асояшро афканд, ногаҳон [табдил ба аждаҳое шуд ва] он чиро, ки ба дурӯғ сохта буданд, балъид [фуру бурд]

26:46 Пас, ҷодугарон ба саҷда дарафтоданд

26:47 [Ва] Гуфтанд: «Мо ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем

26:48 Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун»

26:49 [Фиръавн] Гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам, ба ӯ имон овардед? Бе тардид, ӯ ҳамон бузурги шумост, ки ба шумо ҷоду омӯхтааст. Пас, ба зудӣ хоҳед донист [ки муҷозотатон чист]. Яқинан, дастҳо ва пойҳоятонро баръакс [-и якдигар аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамагиатонро ба дор меовезам»

26:50 Онон гуфтанд: «[Дар ин шиканҷа ва азоб] Ҳеҷ зиёне нест. Бе тардид, мо ба сӯйи Парвардигорамон бозмегардем

26:51 Умед дорем, ки Парвардигорамон гуноҳони моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки [аз ин қавм ба Парвардигори Мӯсо] имон овардем»

26:52 Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Бандагонамро шабона [аз Миср] берун бибар; [зеро сипоҳи Фиръавн] ҳатман, ба дунболатон хоҳад омад»

26:53 Пас Фиръавн [чун аз моҷаро огоҳ гардид] маъмурони ҷамъоварӣ [неру]-ро ба шаҳрҳо фиристод

26:54 [Ва эълон кард] Инҳо [Бани Исроил] иддаи ночизанд

26:55 Ва ҷиддан моро ба хашм овардаанд

26:56 Ва мо ҳамагӣ комилан [ҳушёру] омодаи пайкорем»

26:57 Пас, ононро аз боғҳо ва чашмаҳо [-и сарзамини Миср] берун овардем

26:58 Ва аз ганҷҳо ва хонаҳои муҷаллал [дур сохтем]

26:59 Инчунин [кардем] ва Бани Исроилро вориси он [сарвату дороӣ] кардем

26:60 Пас, [сипоҳи Фиръавн] ҳангоми тулуи офтоб ба таъқиби онон пардохтанд