Маркази тарҷумаи Равод — 368
26:20 [Мӯсо] гуфт: «Ман он [кор]-ро замоне анҷом додам, ки гумроҳ будам
26:21 Пас, чун аз шумо тарсидам, фирор кардам. Он гоҳ Парвардигорам ба ман дониш бахшид ва маро аз паёмбарон қарор дод
26:22 Ва ин [чи] неъматест, ки ту бар ман миннат мегузорӣ, ки Бани Исроилро бардаи худ сохтаӣ?!»
26:23 Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист?»
26:24 [Мӯсо] Гуфт: «Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост. Агар аҳли яқин ҳастед [танҳо ӯро бипарастед]»
26:25 [Фиръавн] Ба касоне, ки дар атрофаш буданд [бо тамасхур] гуфт: «Оё мешунавед [чи мегӯяд]?»
26:26 [Мӯсо] Гуфт: «[Аллоҳ таоло] Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумост
26:27 [Фиръавн] Гуфт: «Ин паёмбаратон, ки ба сӯйи шумо фиристода шудааст, яқинан девона аст»
26:28 [Мӯсо] Гуфт: «Агар биандешед, [хоҳед донист, ки Ӯ] Парвардигори машриқ ва мағриб аст ва ҳар он чи миёни он ду қарор дорад»
26:29 [Фиръавн] Гуфт: «Агар маъбуде ҷуз ман баргузинӣ, ҳатман, зиндонат мекунам»
26:30 [Мӯсо] Гуфт: «Ҳатто агар нишонаи ошкоре [дар мавриди рисолатам] бароят оварда бошам?»
26:31 [Фиръавн] Гуфт: «Агар рост мегӯӣ, онро биёвар»
26:32 Пас, [Мӯсо] асои худро андохт, ногаҳон [табдил ба] аждаҳое ошкор шуд
26:33 Ва дасташро [аз гиребон] берун овард ва ногоҳ дар назари бинандагон сапед [-у равшан] буд
26:34 [Фиръавн] ба бузургони перомунаш гуфт: «Ҳаққо, ки ин [мард] ҷодугари доност
26:35 [Ӯ] Мехоҳад, бо ҷодуяш шуморо аз сарзаминатон берун кунад, пас, назаратон чист?»
26:36 Онон гуфтанд: «[Тасмим дар бораи муҷозоти] ӯ ва бародарашро ба таъхир андоз ва маъмурони ҷамъоварӣ [ҷорзанандагон]-ро ба [ҳамаи] шаҳрҳо бифирист,
26:37 то ҳар ҷодугари моҳир [ва] доноеро наздат биёваранд»
26:38 Пас, [чунин карданд ва саранҷом] ҷодугарон барои ваъдагоҳи рӯзи муайян гирд оварда шуданд
26:39 Ва ба мардум гуфта шуд: «Оё шумо [низ] ҷамъ мешавед, то [бубинем баранда кист]?