Маркази тарҷумаи Равод — 367
26:1 То, син, мим.[1]
26:2 Ин оёти китоби равшангар аст
26:3 Шояд мехоҳӣ аз [андуҳи] ин ки [мушрикон] имон намеоваранд, худро ҳалок кунӣ
26:4 Агар бихоҳем, аз осмон нишонае бар онон нозил мекунем, ки дар баробараш бо фурӯтанӣ сар фуруд оваранд
26:5 Ва ҳеҷ панди тозае аз сӯи [Аллоҳи] Раҳмон барои онон намеояд, магар ин ки аз он рӯй гардонанд
26:6 Ба ростӣ, онон [даъвати паёмбарон ва азоби қиёматро] дурӯғ ангоштанд, пас, ба зудӣ ахбори он чи масхара мекарданд, ба эшон хоҳад расид
26:7 Оё ба замин наменигаранд, ки чи бисёр аз ҳар гуна [гиёҳи] судманде дар он рӯёнидаем?
26:8 Бе тардид, дар ин [офариниш] нишонае [аз қудрати Аллоҳ таоло бар меод] аст, вале бештарашон имон намеоваранд
26:9 Ва бе тардид, Парвардигорат шикастнопазири меҳрубон аст
26:10 Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки: «Ба сӯйи қавми ситамгор бирав
26:11 – қавми Фиръавн - [ва ба онон бигӯ] оё [аз куфру саркашӣ] намепарҳезанд?»
26:12 [Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, бим дорам, ки маро дурӯғгӯ ангоранд
26:13 Ва [аз куфрашон ношикебо ва] ғамгин гардам. Пас, [Ҷабраилро] ба сӯйи Ҳорун бифрист [то барои ёриам раҳсипораш кунад]
26:14 Ва онон [ба гумони хеш қасоси] гуноҳе бар ман доранд, пас, метарсам, ки маро бикушанд»
26:15 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ҳаргиз! Пас бо оёт [ва муъҷизот]-и Мо биравед. Яқинан, [ҳама ҷо] бо шумоем ва [гуфтугӯятонро] мешунавем
26:16 Пас, назди Фиръавн биравед ва бигӯед: «Мо фиристодаи Парвардигори ҷаҳониён ҳастем
26:17 [Ӯ мефармояд] Ки Бани Исроилро ҳамроҳи мо бифирист»
26:18 [Фиръавн] гуфт: «Оё туро дар кӯдакӣ миёни хеш парвариш надодем ва солҳое аз умратро байни мо набудӣ?
26:19 Ва кори худро – чунон ки хостӣ – кардӣ [ва он марди қибтиро куштӣ] ва ту [нисбат ба неъматҳои ман] носипосӣ?!»