>

Маркази тарҷумаи Равод — 366

25:68 Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ таоло маъбуде дигар намехонанд ва касе, ки Аллоҳ таоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар ки ин [гуноҳон]-ро муртакиб шавад, кайфари гуноҳи [хеш]-ро мебинад

25:69 Рӯзи қиёмат азобаш дучандон мегардад ва бо хорӣ дар он [азоб] ҷовидон мемонад

25:70 Магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста анҷом диҳад. Пас, инонанд, ки Аллоҳ таоло бадиҳояшонро ба некиҳо табдил мекунад ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзгору меҳрубон аст

25:71 Ва касе, ки тавба кунад ва коре шоиста анҷом диҳад, пас, яқинан ба даргоҳи Аллоҳ таоло – чунон ки бояду шояд – тавба кардааст

25:72 Ва касоне [муъминанд], ки гувоҳии дурӯғ намедиҳанд [ва дар маҷолиси ботил ҳузур намеёбанд] ва чун ба [кори нописанд ё] беҳудае бархӯрд мекунанд, бузургворона [аз канораш] мегузаранд [ва худро олуда намесозанд]

25:73 Ва касоне, ки чун ба оёти Парвардигорашон панд дода мешаванд, [аз он ғафлат намекунанд ва дар баробари Қуръон] чун карону кӯрон нестанд

25:74 Ва касоне, ки мегӯянд: «Парвардигоро, аз ҳамсарону фарзандонамон [касонеро] ба мо ато фармо, ки [мояи шодии дилҳо ва] равшании чашмҳо бошанд ва моро пешвои парҳезкорон қарор бидеҳ»

25:75 [Оре] Инон ба поси он ки шикебоӣ кардаанд, манозил [-и олии биҳишт]-ро подош мегиранд ва дар он ҷо бо дуруду саломи [фариштагон] рӯ ба рӯ мегарданд

25:76 Дар он ҷо ҷовидонанд. Чи наку ҷойгоҳ ва [чи нек] иқоматгоҳе аст!

25:77 [Ба кофирон] бигӯ: «Агар ибодат ва дуоятон набошад, Парвардигорам эътиное ба шумо надорад [ва арзише бароятон қоил нест]. Ба ростӣ, шумо [даъвати ҳақро] дурӯғ ангоштед, пас, ба зудӣ [кайфари ин кор] гиребонгиратон хоҳад шуд