Маркази тарҷумаи Равод — 365
25:56 Ва [эй Паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳанда нафиристодем
25:57 Бигӯ: «Ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам, магар касе, ки бихоҳад роҳе ба сӯи Парвардигораш баргузинад [ва ҳамин бароям кофӣ аст]»
25:58 Ва бар [Парвардигори] зиндае, ки ҳаргиз намемирад, таваккал кун ва бо cитоиш Ӯро ба покӣ ёд кун. Ва ҳамин бас, ки Ӯ ба гуноҳони бандагонаш огоҳ аст
25:59 [Ҳамон] Касе, ки осмонҳо ва замин ва он чиро миёни онҳост дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. [Ӯ Аллоҳи] Раҳмон аст, пас, дар мавриди Ӯ аз он ки огоҳ аст, бипурс [ва Ӯ низ касе ҷуз Аллоҳ таоло нест]
25:60 Ва ҳангоме ки ба ба онон гуфта шавад: «Барои [Аллоҳи] Раҳмон саҷда кунед», мегӯянд: «Раҳмон кист? Оё [қарор аст] бар ҳар чи ту амр мекунӣ саҷда барем»? Ва [ин даъвати ту дурӣ аз ҳақ ва] нафраташонро меафзояд
25:61 Пурбаракат [ва бузургвор] аст, он ки дар осмон манзилгоҳҳое [барои ситорагон] қарор дод ва дар [миёни] онҳо хуршед [-и дурахшон] ва моҳи тобоне падид овард
25:62 Ва Ӯст, ки шабу рӯзро дар пайи якдигар қарор дод, барои ҳар ки бихоҳад [аз тадбири илоҳӣ] панд гирад ё сипосгузор бошад
25:63 Ва бандагони [муъмину шоистаи] Раҳмон касоне ҳастанд, ки бо фурӯтанӣ [ва матонат] бар замин роҳ мераванд ва ҳангоме ки ҷоҳилон [бо суханони нописанд] хитобашон мекунанд, [ба ҷои талофӣ бо онон] ба некӣ сухан мегӯянд
25:64 Ва касоне барои Парвардигорашон дар ҳоли саҷда ва қиём шабзиндадорӣ мекунанд
25:65 Ва касоне, ки мегӯянд: «Парвардигоро, азоби дузахро аз мо бозгардон, [ки] бе тардид, азобаш [сахту] пойдор аст
25:66 Ҳаққо, ки дузах бад ҷойгоҳ ва иқоматгоҳест
25:67 Ва [муъминон] касоне ҳастанд, ки чун инфоқ менамоянд, на зиёдаравӣ мекунанд ва на сахтгирӣ ва байни ин ду [ҳолат роҳи] эътидол пеш мегиранд