Маркази тарҷумаи Равод — 364
25:44 Оё гумон дорӣ, ки бештарашон мешунаванд ё мефаҳманд? Онон ҷуз ҳаммонанди чаҳорпоён нестанд, балки гумроҳтаранд
25:45 Оё [офариниши] Парвардигоратро надидаӣ, ки чи гуна сояро густаронидааст ва агар мехост, онро собит менамуд? Он гоҳ [тағйири ҷойгоҳи] хуршед [нисбат ба замин]-ро далели [густаришу ҳаракати] он [соя] қарор додем
25:46 Сипас [бо тағйири баландии хуршед сояро кӯтоҳ мекунем ва] онро андак-андак ба сӯйи хеш бозмегирем
25:47 Ва Ӯст, ки шабро [бо торикии фарогираш] пӯшише барои шумо қарор дод ва хобро мояи осоиш ва рӯзро ҳангоми бархостан [ва кору талош] сохт
25:48 Ва Ӯст, ки пеш аз [борони] раҳматаш бодҳоро башоратбахш фиристод ва аз осмон обе пок [ва поккунанда] фурӯ фиристодем
25:49 То бо он сарзамини [хушку] мурдаро зинда гардонем ва чаҳорпоён ва инсонҳои бисёреро, ки офаридаем, сероб созем
25:50 Ва ба ростӣ, он [далоилу нишонаҳои қудрати илоҳӣ]-ро ба суратҳои гуногун баён кардем, то панд гиранд, вале бештар мардум ҷуз [инкору] носипосӣ накарданд
25:51 Ва агар мехостем, дар ҳар диёре бимдиҳандае бармеангехтем
25:52 Пас, [эй паёмбар] аз кофирон итоат накун ва ба василаи Қуръон бо онон ба ҷиҳоди бузурге бархез [ва дар ин роҳ шикебо бош]
25:53 Ва Ӯст, ки ду дарёро ба ҳам омехт: ин яке хушгувор ва ширин аст ва он яке шӯру талх ва дар миёни он ду монеаи нуфузнопазире қарор дод [то бо ҳам наёмезанд]
25:54 Ва Ӯст, ки инсонро аз оби [манӣ] офарид ва ӯро дорои пайванди насабӣ ва сабабӣ гардонид ва Парвардигорат ҳамвора тавоност
25:55 Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизеро мепарастанд, ки на ба онон суде мебахшад ва на зиёне мерасонад ва кофир дар баробари Парвардигораш пайваста пуштибон [-и шайтон] аст