>

Маркази тарҷумаи Равод — 363

25:33 Ва [кофирон] ҳеҷ [эътирозу] масале бароят намеоваранд, магар он ки Мо [низ посухе] бар ҳақ ва хушбаёнтар бароят меоварем

25:34 Касоне, ки ба рӯй дарафтода ба дузах кашонда мешаванд, инон бадҷойгоҳтар ва гумроҳтаранд

25:35 Ва дар ҳақиқат, Мо ба Мӯсо китоб [Таврот] додем ва бародараш Ҳорунро дастёраш сохтем

25:36 Ва гуфтем: «Шумо ду нафар ба сӯи қавме биравед, ки оёти Моро дурӯғ ангоштанд». Пас, [чун фиръавниён сарпечӣ намуданд] ба шиддат нобудашон сохтем

25:37 Ва қавми Нуҳро – он гоҳ ки паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд – ғарқ кардем ва ононро барои мардум [нишона ва] ибрате қарор додем; ва барои ситамгорон азобе дарднок муҳайё кардаем

25:38 Ва [ҳамчунин] қавми Од ва Самуд ва аҳолии "чоҳ" ва наслҳои бисёреро, ки байни онон буданд [нобуд сохтем]

25:39 Ва барои ҳар як аз онҳо масалҳо задем ва [чун панд нагирифтанд] ҳамаро ба шиддат аз миён бурдем

25:40 Ва [мушрикон] ҳатман, аз [сарзамини қавми Лут ҳамон] шаҳре, ки борони бало бар он борида буд, гузар кардаанд. Оё он [вайронаҳои боқимонда аз азоб] -ро надидаанд? [Чунин нест] Балки ба зинда шудан [пас аз марг] умеде надоранд

25:41 Ва ҳангоме ки туро мебинанд, фақат ба тамасхур мегиранд [ва мегӯянд] «Оё ин ҳамон касест, ки Аллоҳ таоло ба паёмбарӣ фиристодааст?

25:42 Агар бар [парастиши] маъбудонамон [шикебоӣ ва] пойдорӣ намекардем, наздик буд [Муҳаммад] аз [роҳи] онҳо гумроҳамон кунад». Вале он гоҳ ки азоб [-и илоҳӣ]-ро бубинанд, хоҳанд донист чи касе гумроҳтар [буда] аст

25:43 Оё касе, ки ҳавои нафсашро маъбуди худ кардааст, дидаӣ? Оё ту [метавонӣ] нигаҳбони [имони] ӯ бошӣ?