>

Маркази тарҷумаи Равод — 362

25:21 Касоне, ки ба дидори Мо [дар охират] умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагоне бар мо нозил нашудаанд, ё [чаро] Парвардигорамонро намебинем»? Бе тардид, онон дар бораи худ такаббур варзиданд ва саркашии бузург карданд

25:22 Рӯзе, ки [кофирон] фариштагонро мебинанд, ҳеҷ башорате барои муҷримон нахоҳад буд, [балки рӯзи кайфару азоб аст] ва [фариштагон] мегӯянд: «[Биҳишт] Бар шумо мамнуъ [ва ҳаром] аст»

25:23 Ва ба [баррасии] корҳояшон мепардозем ва ҳамаро [ҳамчун] ғуборе пароканда месозем

25:24 Дар он рӯз биҳиштиён беҳтарин ҷойгоҳу накутарин истироҳатгоҳро доранд

25:25 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки осмон бо абрҳои сапед шикофта мешавад ва фариштагон [паёпай ба сарзамини маҳшар] фурӯ фиристода мешаванд

25:26 Дар он рӯз фармонравоӣ [-и ростин] аз они [Аллоҳи] Раҳмон аст ва барои кофирон рӯзе душвор аст

25:27 Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки ситамгор дастонашро [аз ҳасрат] мегазад ва мегӯяд: «Эй кош, ман роҳе [ҳамоҳанг] бо паёмбар баргузида будам!

25:28 Эй вой бар ман! Эй кош, фалон [кофир]-ро ба дӯстӣ намегирифтам!

25:29 Бе тардид, пас аз он ки Қуръон [ва даъвати паёмбар] ба ман расид, ӯ [буд, ки] маро ба гумроҳӣ кашонд ва шайтон ҳамвора инсонро танҳо [ва хор] вомегузорад»

25:30 Ва Паёмбар гуфт: «Парвардигоро, қавми ман ин Қуръонро раҳо кардаанд»

25:31 Ва инчунин барои ҳар паёмбаре душмане аз бадкорони [қавмаш] қарор додем. Ва кофӣ аст, ки Парвардигорат роҳнамо ва ёварат бошад

25:32 Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Чаро Қуръон якбора бар ӯ нозил нашудааст?» Мо ин гуна [каломи илоҳиро ба мурур нозил] кардаем, то дилатро бо он [ором ва] устувор гардонем ва онро ба тадриҷ бар ту хондаем [то дарку ҳифзаш осон бошад]