>

Маркази тарҷумаи Равод — 361

25:12 Ҳангоме ки [дузах] ононро аз дурдаст мебинад овози хашму хуруш [-и ваҳшатнок]-е аз он мешунаванд

25:13 Ва чун даступобаста [бо ғулу занҷир] дар тангное аз он андохта шаванд, дар он ҷо маргашонро ба фарёд мехоҳанд

25:14 [Ба онон гуфта мешавад] «Имрӯз на як бор, балки борҳо дархости марг кунед»

25:15 [Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Ин [азоби дарднок] беҳтар аст ё биҳишти ҷовидонӣ, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда ва подошу саранҷоми онон аст?»

25:16 Дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] аст [ва] дар он ҷовидонанд. Ин ваъдае аст бар [уҳдаи] Парвардигорат, ки [бандагони парҳезкор анҷомашро] аз Ӯ хостаанд

25:17 Ва рӯзе, ки [ҳамаи] онон ва он чиро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастиданд, ҷамъ мекунад ва [ба маъбудони ботил] мефармояд: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ кардед ё худ роҳро гум карданд?»

25:18 Онон мегӯянд: «Ту муназзаҳӣ, шоистаи мо набуд, ки ба ҷойи Ту [дӯстону] корсозоне баргузинем, вале Ту онон ва падаронашонро [аз неъматҳо] баҳраманд сохтӣ, то ин ки ёд [-и Ту]-ро фаромӯш карданд ва [бад-ин хотир] гурӯҳе ҳалокшуда гаштанд»

25:19 [Аллоҳ таоло ба мушрикон мефармояд] «Бе тардид, [маъбудонатон] иддаои шуморо дурӯғ шумурданд. Пас, [акнун] наметавонед [азобро аз худ] дур кунед ва на [аз касе] ёрӣ биҷӯед ва ҳар як аз шумо, ки [ширк биварзад ва ба худ] ситам кунад, азобе бузург ба вай мечашонем»

25:20 [Эй паёмбар] Пеш аз ту паёмбаронро нафиристодем, магар ин ки онон низ ғизо мехӯрданд ва [ҳамчун дигар инсонҳо] дар бозорҳо роҳ мерафтанд ва мо бархе аз шуморо василаи озмоиши бархе дигар сохтем, [то равшан шавад] оё шикебоӣ мекунед. Ва Парвардигорат ҳамвора биност