Маркази тарҷумаи Равод — 360
25:3 Ва [мушрикон] ба ҷойи Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне баргузидаанд, ки чизе намеофаринанд ва худ офарида мешаванд ва молики ҳеҷ зиёну суде барои худ нестанд ва [низ] молики маргу зиндагӣ ва [қодир ба] барангехтани [мурдагон] нестанд
25:4 Ва касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Ин [Қуръон] ҷуз дурӯғе нест, ки [Муҳаммад] бофтааст ва гурӯҳе дигар ӯро бар ин [кор] ёрӣ додаанд». Ҳаққо, ки онон [бо ин сухан] ба ситаму дурӯғи бузурге рӯй овардаанд
25:5 Ва [кофирон] гуфтанд: «[Ин Қуръон ҳамон] афсонаҳои пешиниён аст, ки [Муҳаммад] онро рӯнависӣ кардааст ва ҳар бомдоду шомгоҳ бар ӯ имло мешавад»
25:6 Бигӯ: «Касе онро нозил кардааст, ки рози осмонҳо ва заминро медонад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора омурзанда [ва] меҳрубон аст
25:7 Ва [мушрикон] гуфтанд: «Ин чи гуна паёмбарест, ки [ҳамчун мардуми одӣ] ғизо мехӯрад ва дар бозорҳо роҳ меравад? Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст, то [ёриаш кунад ва] ҳамроҳи ӯ ҳушдордиҳанда бошад?
25:8 Ё чаро ганҷе [аз осмон] бар ӯ фуруд намеояд ва ё чаро боғе надорад, ки аз [меваҳои] он бихӯрад»? Ситамгорон [-и мушрик] гуфтанд: «Шумо ҷуз аз марде ҷодушуда пайравӣ намекунед»
25:9 Бингар, ки чи гуна бароят масалҳо заданд ва гумроҳ шуданд! Чунон ки наметавонанд роҳе [ба сӯи ҳақиқат] биёбанд
25:10 Пурбаракат [ва бузургвор] аст, касе, ки агар бихоҳад, бароят беҳтар аз ин қарор медиҳад: боғҳое, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва [ҳатто] бароят кохҳое падид меоварад
25:11 [Мушрикон бо ин суханон дар пайи ҳақ нарафтанд] Балки қиёматро дурӯғ ангоштанд ва [Мо] барои ҳар ки қиёматро дурӯғ ангорад, оташи сӯзон [-и дузахро] муҳайё кардаем