Маркази тарҷумаи Равод — 36
2:225 Аллоҳ таоло шуморо ба хотири савгандҳое, ки беҳуда ва бидуни қасд ёд мекунед, бозпурсӣ намекунад, вале ба хотири он чи дилҳоятон [амдан] касб кардааст [ва савгандҳои дурӯғе, ки огоҳона бар забон овардаед] бозхост мекунад ва [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст
2:226 Барои касоне, ки [ба расми ҷоҳилият] бар тарки омезиш бо занони худ савганд ёд кунанд, чаҳор моҳ интизор [ва муҳлат] аст. Пас, агар [дар муддати чаҳор моҳ ё камтар пушаймон шуданд ва ба занонашон] бозгаштанд, [бидонанд, ки] Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
2:227 Ва агар [бар тарки занонашон пофишорӣ кунанд ва] тасмим ба талоқ гирифтанд, [бидонанд, ки] ҳамоно Аллоҳ таоло шунавову доност
2:228 Занони талоқшуда [пеш аз издивоҷи муҷаддад] бояд ба муддати се бор покӣ [дидани се бор одати моҳона] интизор бикашанд; ва агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доранд, бар онон раво нест, ки он чиро Аллоҳ таоло дар раҳимҳояшон офаридааст, китмон кунанд; ва агар шавҳаронашон хоҳони оштӣ ҳастанд, барои бозгардондани онон [ба зиндагии заношӯӣ] дар ин [муддат аз дигарон] сазовортаранд; ва занон ҳуқуқи шоистае доранд, ҳаммонанд [-у ҳамсангии вазоифе], ки бар уҳда доранд ва мардон [дар сарпарастиву амри талоқ] бар онон бартарӣ доранд; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
2:229 Талоқ [-и раҷъӣ] ду бор аст; пас, [аз он мард ё бояд ҳамсарашро] ба тарзи шоиста нигоҳ дорад, ё ба некӣ раҳо кунад; ва [эй мардони мусулмон] бароятон ҳалол нест, ки [заррае] аз он чиро ба онон додаед [маҳрия ва монанди он] пас бигиред, магар он ки [зану шавҳар] битарсанд, ки натавонанд [ҳуқуқи заношӯиву] ҳудуди илоҳиро барпо доранд; пас, [ҳалли ихтилофро ба хешовандон ё дӯстони худ месупоранд; ва шумо эй муъминон] агар тарсидед, ки [мумкин аст завҷайн] ҳудуди илоҳиро барпо надоранд, гуноҳе бар он ду нест, ки зан [барои розӣ кардани мард ба талоқ маҳрияашро бибахшад ё ба ӯ] фидяе бипардозад [ва талоқи хулъ бигирад] . Инҳо ҳудуди [аҳкоми] илоҳӣ аст; пас, аз онҳо таҷовуз накунед; ва ҳар ки аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, пас чунин одамон, бешак, ситамгоронанд.
2:230 Агар [шавҳар барои бори савум] ӯро талоқ дод, пас аз он [зан] барояш ҳалол нест; магар ин ки [бо қасди издивоҷи ҳақиқӣ ва на барои ҳалол шудан] бо шавҳари ғайр аз ӯ издивоҷ кунад [ва бо вай ҳамбистар шавад. Дар ин сурат] Агар [шавҳари баъдӣ фавт кард ё] ӯро талоқ дод, агар [ду ҳамсари собиқ] мепиндоранд, ки ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳро барпо медоранд, гуноҳе бар он ду нест, ки [бо издивоҷи муҷаддад] ба якдигар бозгарданд. Инҳо ҳудуди Аллоҳ таоло аст, ки онҳоро барои мардуме, ки огоҳанд [ва ба ислом имон доранд], баён мекунад