Маркази тарҷумаи Равод — 359
24:62 Муъминони [воқеӣ] касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон овардаанд ва ҳангоме ки барои [иҷрои як] амри иҷтимоӣ бо ӯ [паёмбар] ҳамроҳ ҳастанд, то аз вай иҷозат нагирифтаанд, [аз ҷамъ] хориҷ намешаванд. Бе тардид, касоне, ки аз ту иҷозат мегиранд, ононанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд. Пас, агар барои анҷоми бархе корҳо [-и муҳим]-и худ аз ту иҷозат мехоҳанд, ба ҳар як аз онон, ки мехоҳӣ иҷозат бидеҳ ва аз Аллоҳ таоло барояшон омурзиш бихоҳ. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
24:63 Фарохонии паёмбар [барои ширкат дар корҳои гурӯҳе]-ро байни худ ҳамчун фарохонии якдигар талаққӣ накунед [ки битавонед онро бипазиред ё рад кунед]. Яқинан, Аллоҳ таоло афроде аз шуморо, ки пушти дигарон пинҳон мешаванд ва махфиёна [аз назди паёмбар] мегурезанд, [ба хубӣ] мешиносад. пас касоне, ки аз фармонаш сарпечӣ мекунанд, бояд битарсанд аз ин ки андуҳ ва балое бар сарашон биёяд ё ба азобе дарднок гирифтор шаванд
24:64 Огоҳ бошед! Бе тардид, он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва яқинан, Ӯ медонад, ки шумо [бар чи кору] дар чи ҳоле ҳастед ва рӯзе, ки [бандагон] ба сӯяш бозгардонда мешаванд, ононро аз он чи [дар дунё] кардаанд, огоҳ месозад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
25:1 Пурбаракат [ва бузургвор] аст, касе, ки Қуръонро [ки ҷудокунандаи ҳақ ва ботил аст] бар бандааш нозил кард, то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад
25:2 Ҳамоно фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳама чизро офаридааст ва андозаи ҳар чизро – чунон ки муносибаш мебошад – тадбир намудааст