Маркази тарҷумаи Равод — 358
24:59 Ва ҳангоме ки кӯдаконатон ба синни булуғ расиданд, бояд [барои вуруд ба хонаҳои дигарон] иҷозат бигиранд, чунонки бузургсолоне, ки [аҳкомашонро] пеш аз онҳо [шарҳ додем низ] бояд иҷозат мегирифтанд. Аллоҳ таоло инчунин оёташро бароятон баён мекунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
24:60 Ва бар занон [-и бознишаставу пир ва] аз кор афтодае, ки [дигар майлу] умеди заношӯӣ надоранд, гуноҳе нест, ки пӯшиш [-и сару сурат]-и хешро канор гузоранд, [ба шарти он ки ороиш ва] зинатеро ошкор накунанд ва агар иффат биварзанд [ва худро бипӯшонанд] барояшон беҳтар аст. Ва Аллоҳ таоло шунавои доност
24:61 Бар [афроди] нобино ва лангу бемор [ки аз таколифи иҷтимоӣ – ҳамчун ҷиҳод – маоф шудаанд] гуноҳе нест ва [ҳамчунин] бар худи шумо гуноҳе нест, ки аз хонаҳои худ [ё фарзандону ҳамсаронатон ғизое] бихӯред ё аз хонаҳои падаронатон ё хонаҳои модаронатон ё хонаҳои бародаронатон ё хонаҳои хоҳаронатон ё хонаҳои амуҳоятон ё хонаҳои аммаҳоятон ё хонаҳои тағоҳоятон ё хонаҳои холаҳоятон ё хонае, ки калидаш дар ихтиёри шумост ё [аз хонаҳои] дӯстонатон. Бар шумо гуноҳе нест, ки дастаҷамъӣ ё ҷудогона [ғизо] бихӯред ва ҳангоме ки ба хонаҳо ворид мешавед, ба якдигар салом кунед, ки дуруде муборак [ва] писандида аз сӯйи Аллоҳ таоло аст. Аллоҳ таоло ин гуна оёти [хеш]-ро бароятон ба равшанӣ баён мекунад, бошад, ки биандешед