Маркази тарҷумаи Равод — 357
24:54 Бигӯ: «Аз Аллоҳ таоло ва паёмбар итоат кунед, пас, агар сарпечӣ кардед, паёмбар масъули чизест, ки бар ӯ таклиф шудааст [иблоғи ваҳй] ва шумо низ масъули чизе ҳастед, ки ба он таклиф шудаед; аммо агар аз ӯ итоат кунед, ҳидоят мешавед; ва паёмбар вазифае ҷуз расонидани ошкоро [-и ваҳй] надорад»
24:55 Аллоҳ таоло ба афроде аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ваъда додааст, ки ҳатман, ононро дар замин ҷонишин [-и мушрикон] месозад. Ҳамон гуна ки касонеро, ки пеш аз онон буданд, [низ] ҷонишин [-и кофирону ситамгарон] намуд ва [фармудааст] динашонро, ки барои онон писандидааст, барояшон устувор [-у пирӯзманд] созад ва тарсашонро ба оромишу амният табдил кунад [чаро ки] танҳо Маро мепарастанд ва чизеро бо Ман шарик намесозанд ва ҳар ки аз ин пас куфр биварзад, пас, инонанд, ки нофармонанд
24:56 Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва аз паёмбар итоат кунед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред
24:57 [Эй Паёмбар] Ҳаргиз мапиндор касоне, ки куфр варзиданд, нотавонкунанда [-и Аллоҳ таоло] дар заминанд [ва метавонанд аз муҷозоти илоҳӣ бигрезанд]. Ҷойгоҳи инон оташ аст ва чи бад бозгаштангоҳест!
24:58 Эй касоне, ки имон овардаед, бардагонатон ва касоне аз [кӯдакони] шумо, ки ба синни булуғ нарасидаанд, бояд дар се вақт аз шумо иҷозат [-и вуруд] бигиранд: пеш аз намози субҳ ва нимрӯз – ҳангоме ки либосҳоятонро берун меоваред – ва пас аз намози хуфтан. [Ин] Се [вақт] ҳангоми хилвати шумост. Ба ҷуз ин [cе вақт] бар шумо ва бар онон ҳеҷ гуноҳе нест [ки бидуни иҷозат ворид шаванд, чаро ки] онон перомунатон дар рафту омаданд, [ва] бо якдигар [муошират мекунед]. Аллоҳ таоло инчунин оёт [-и худ]-ро бароятон баён мекунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст